Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 17:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва коҳин хунро бар қурбонгоҳи Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ мепошад, ва чарбуро ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 17:6
12 Iomraidhean Croise  

Ва тамоми чарбуеро, ки амъоро мепӯшонад, ва пардаеро, ки бар ҷигар аст, ва ду гурдаро бо чарбуе ки бар онҳост, гирифта, бар қурбонгоҳ бисӯзон.


Ва тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ бисӯзон, — ин қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд аст, ин атри гуворо, қурбонии оташин барои Худованд аст.


Валекин коҳинони левизодаи банӣ‐Содӯқ, ки дар вақти аз Ман дур шудани банӣ‐Исроил хизмати навбатдории хонаи муқаддаси Маро ба ҷо меоварданд, — онҳо ба Ман наздик хоҳанд омад, то ки ба Ман хизмат кунанд, ва онҳо ба ҳузури Ман хоҳанд истод, то ки ҷарбу ва хунро барои Ман қурбонӣ намоянд, мегӯяд Худованд Худо.


То ки банӣ‐Исроил забҳҳои худро, ки дар саҳро забҳ мекунанд, биёранд, яъне онҳоро барои Худованд ба дари хаймаи ҷомеъ, назди коҳин биёранд, ва онҳоро ҳамчун забҳҳои саломатӣ барои Худованд забҳ кунанд;


Ва коҳин онро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин аст барои Худованд.


Ва ӯ дасти худро бар сари он мемонад, ва онро назди хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.


Ва коҳин онҳоро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин барои атри гуворост; тамоми чарбу аз они Худованд аст.


Ва дасти худро бар сари қурбонии худ мемонад, ва онро назди дари хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад; ва писарони Ҳорун, коҳинон, хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.


Ва писарони Ҳорун онро бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонанд, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва ӯ дасти худро бар сари қурбонии худ мемонад, ва онро назди хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.


Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад; ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Аммо барои нахустзодаи говон ё нахустзодаи гӯсфандон ё нахустзодаи бузон фидия нагир: онҳо муқаддас аст; хуни онҳоро бар қурбонгоҳ бипош, ва чарбуи онҳоро ҳамчун қурбонии оташин бисӯзон, то ки атри гуворо барои Худованд бошад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan