Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 17:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 То ки банӣ‐Исроил забҳҳои худро, ки дар саҳро забҳ мекунанд, биёранд, яъне онҳоро барои Худованд ба дари хаймаи ҷомеъ, назди коҳин биёранд, ва онҳоро ҳамчун забҳҳои саломатӣ барои Худованд забҳ кунанд;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 17:5
20 Iomraidhean Croise  

Ва дар Беэр‐Шобаъ ниҳолҳои газ шинонд, ва дар он ҷо исми Худованд Худои ҷовидониро хонд.


Ва Иброҳим чашм андохта, дид: инак, дар қафо қӯчқоре бо шохҳояш дар бешае андармон шудааст; ва Иброҳим рафта, қӯчқорро гирифт, ва дар ивази писараш онро барои қурбонии сӯхтанӣ баровард.


Ва гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро бигир; ва ба замини Мӯриё бирав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту хоҳам гуфт, барои қурбонии сӯхтанӣ барор».


Ва Яъқуб дар он кӯҳ ҷонвареро қурбонӣ кард, ва хешовандони худро ба нон хӯрдан даъват намуд, ва онҳо нон хӯрданд ва дар кӯҳ шабро гузаронданд.


Ва онҳо низ барои худ бар ҳар тали баланд ва зери ҳар дарахти сабз ибодатгоҳҳо ва сутунҳо ва Ашераҳо бино карданд.


Аммо қавм ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ мекарданд, зеро ки хонае ба исми Худованд то он айём бино наёфта буд.


Ва Сулаймон Худовандро дӯст дошта, мувофиқи фароизи падараш Довуд рафтор мекард, аммо ӯ низ бар баландиҳо қурбонӣ мекард, ва бухур месӯзонид.


Ва бар баландиҳо ва талҳо ва зери ҳар дарахти сабз қурбонӣ мекард ва бухур месӯзонид.


Ва бар ҳар тали баланд ва зери ҳар дарахти сабз сутунҳо ва Ашераҳо барои худ гузоштанд;


Ва бар баландиҳо ва талҳо ва зери ҳар дарахти сабз қурбонӣ мекард ва бухур месӯзонид.


Ва ҷавононро аз миёни банӣ‐Исроил фиристод, ва онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим намуданд, ва қурбониҳои саломатӣ аз говон барои Худованд забҳ карданд.


Ҳангоме ки Ман онҳоро ба замине овардам, ки дасти Худро боло бардошта будам, то онро ба онҳо бидиҳам, онҳо ҳар теппаи баланд ва ҳар дарахти сершохаро дида, қурбониҳои худро дар он ҷо забҳ карданд, ва қурбониҳои ғазабангези худро ба он ҷо оварданд, ва атри гуворои худро дар он ҷо гузоштанд, ва хадияҳои рехтании худро дар он ҷо рехтанд.


Бӯҳтонгӯён андаруни ту буданд, то ки хун бирезанд; андаруни ту бар кӯҳҳо хӯрок мехӯрданд, андаруни ту ба фисқу фуҷур дода мешуданд.


Ва ҳангоме ки ин рӯзҳо ба итмом расад, дар рӯзи ҳаштум ва баъд аз он коҳинон қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатии шуморо бар қурбонгоҳ бароранд ва Ман ба шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, мегӯяд Худованд Худо».


Валекин коҳинони левизодаи банӣ‐Содӯқ, ки дар вақти аз Ман дур шудани банӣ‐Исроил хизмати навбатдории хонаи муқаддаси Маро ба ҷо меоварданд, — онҳо ба Ман наздик хоҳанд омад, то ки ба Ман хизмат кунанд, ва онҳо ба ҳузури Ман хоҳанд истод, то ки ҷарбу ва хунро барои Ман қурбонӣ намоянд, мегӯяд Худованд Худо.


Ва онро ба дари хаймаи ҷомеъ намебиёрад, то ки барои Худованд, пеши маскани Худованд қурбонӣ кунад, — ин барои он кас хун ҳисоб хоҳад ёфт: вай хун рехтааст, ва он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд,


Ва коҳин хунро бар қурбонгоҳи Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ мепошад, ва чарбуро ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад;


Ҳамаи маконҳоеро, ки халқҳое ки шумо бадар меронед, дар он ҷо худоёни худро ибодат мекарданд, тамоман несту нобуд кунед, хоҳ бар кӯҳҳои баланд бошад, хоҳ бар талҳо, хоҳ зери ҳар дарахти сабз.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan