Ибодат 17:4 - Китоби Муқаддас 1992 19994 Ва онро ба дари хаймаи ҷомеъ намебиёрад, то ки барои Худованд, пеши маскани Худованд қурбонӣ кунад, — ин барои он кас хун ҳисоб хоҳад ёфт: вай хун рехтааст, ва он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд, Faic an caibideil |
Касе ки гове мекушад, мисли одамкуш аст; касе ки баррае забҳ менамояд, мисли касест, ки гардани сагро шикаста бошад; касе ки ҳадияи ордӣ меоварад, мисли касест, ки хуни хукро оварда бошад; касе ки лебӯно месӯзонад, мисли касест, ки пеши буте дуо гуфта бошад; чунон ки онҳо роҳҳои худро ихтиёр кардаанд, ва ҷонашон корҳои зишташонро хостааст,
Зеро ки бар кӯҳи муқаддаси Ман, бар кӯҳи баланди Исроил, — мегӯяд Худованд Худо, — тамоми хонадони Исроил, ҳамаи онҳое ки дар замин сокин бошанд, Маро дар он ҷо ибодат хоҳанд кард, ва Ман дар он ҷо ба онҳо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, ва дар он ҷо пешкашҳои шумо ва навбарҳои бахшишҳои шуморо бо ҳар чизе ки тақдис менамоед, хоҳам талабид.