Зеро ҷони ҳар ҷисм хуни он аст, яъне ҷонаш дар он аст. Ва Ман ба банӣ‐Исроил гуфтаам: хуни ҳеҷ як ҷисмро нахӯред, зеро ки ҷони ҳар ҷисм хуни он аст; ҳар кӣ онро бихӯрад, маҳв хоҳад шуд.
Ва коҳин аз хуни қурбонии гуноҳ бо ангушти худ гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мерезад;
Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро гирифт, ва бар шохҳои қурбонгоҳ гирдогирд бо ангушташ молид, ва қурбонгоҳро татҳир намуд, ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехта, онро тақдис кард, то ки барояш кафорат намояд.
Ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ӯ оштӣ диҳад.
Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо тақдиси Рӯҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интиҳоб шудаанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо фаровон бод.
Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва Фармонфармои подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод,