Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 17:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва ҳар кас аз хонадони Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ягон хунро бихӯрад, Ман хашми Худро бар ҷони он хӯрандаи хун равона карда, онро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам кард,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 17:10
25 Iomraidhean Croise  

Фақат гӯштро бо ҷони он, яъне бо хуни он, нахӯред.


Ва гуфт: «Ҳошо аз тарси Худованд, ки ман чунин амал намоям! Оё хуни он касонро бинӯшам, ки ҷони худро дар хатар гузошта рафтаанд?» Ва ӯ нахост, ки онро бинӯшад. Чунин аст коре ки ин се паҳлавон карданд.


Бо масхарабозони риёкор дар ҳаққи ман дандонҳои худро ғиҷиррос мезанонданд.


Ҳар кӣ мисли он таркиб диҳад, ва ё аз он бар шахси бегонае бимолад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд“».


Зеро ки рӯи Худро бар ин шаҳр ба бадӣ, ва на ба некӣ, нигаронидаам, — мегӯяд Худованд. — Он ба дасти подшоҳи Бобил супурда хоҳад шуд, ва ӯ онро ба оташ хоҳад сӯзонид“.


Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман рӯи Худро ба муқобили шумо барои ҳалокат мегардонам, то ки тамоми Яҳудоро талаф намоям;


Ва Ман рӯи Худро ба зидди он кас хоҳам нигаронид, ва ӯро вожгун хоҳам кард, то ки аломате ва зарбулмасале гардад, ва ӯро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам намуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Ва рӯи Худро ба зидди онҳо хоҳам нигаронид: онҳо аз як оташ берун омадаанд, вале оташи дигар онҳоро хоҳад сӯзонид. Ва чун рӯи Худро ба зидди онҳо нигаронам, хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Бинобар ин ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: гӯштро бо хуни он мехӯред, ва чашмони худро сӯи бутҳои худ баланд мекунед, ва хун мерезед, — оё ин заминро мерос хоҳед гирифт?


Вақте ки аҷнабиёни дорои дили номахтун ва ҷисми номахтунро меовардед, то ки дар хонаи муқаддаси Ман истода, хонаи Маро палид созанд, ва шумо ғизои Маро, яъне чарбу ва хунро бо ёрии онҳо қурбонӣ менамудед, ва онҳо, илова бар ҳамаи корҳои зишти шумо, аҳди Маро поймол мекарданд;


Чунки ҷони ҷисм дар хун аст, ва Ман онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам, то ки ҷонҳои шуморо кафорат намояд, зеро ҳамин хун аст, ки ҷонро кафорат менамояд.


Ҳеҷ чизро бо хун нахӯред; фол накушоед ва афсун накунед.


Ва хашми Худро бар шумо хоҳам нигаронид, ва аз душманони худ шикаст хоҳед хӯрд, ва бадхоҳонатон бар шумо ҳукмрон хоҳанд шуд, ва рӯ ба гурез хоҳед овард, бе он ки касе шуморо таъқиб намояд.


Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».


Ва агар пешопеши душманони худ ба асирӣ бираванд, дар он ҷо шамшерро амр хоҳам фармуд, ки онҳоро бикушад, ва Ман чашми Худро бар онҳо барои бадӣ хоҳам нигаронид, ва на барои некӣ».


Балки ба онҳо фақат дастуре бинависем, ки аз наҷосати бутҳо, аз зино, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз хун парҳез кунанд;


Аз қурбониҳои бутҳо, аз ҳун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез кунед; ҳар гоҳ аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед».


Лекин хунро нахӯред; онро мисли об бар замин бирезед.


Фақат эҳтиёт бош, ки хунро нахӯрӣ, зеро ки хун ҷон аст, ва ту ҷонро бо гӯшт нахӯр.


Лекин хуни онро нахӯр: онро мисли об бар замин бирез.


Пас, ба гумонатон, сазовори чӣ қадар ҷазои сахттар хоҳад буд шахсе ки Писари Худоро поймол мекунад ва Хуни аҳдро, ки аз он тақдис ёфтааст, азиз намедорад ва Рӯҳи файзро таҳқир менамояд?


Ва қавм ба ғанимат дарафтоданд, ва бузу гӯсфандон ва гову гӯсолаҳоро гирифта, бар замин куштанд, ва кавм гӯштро бо хуни он хӯрданд.


Ва ба Шоул хабар дода, гуфтанд: «Инак, қавм пеши Худованд гуноҳ карда, гӯштро бо хунаш мехӯранд». Ва ӯ гуфт: «Шумо хиёнат кардаед! Алҳол пеши ман санги калоне биғелонед».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan