Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 16:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва Ҳорун бар он ду нарбуз қуръа мепартояд: як қуръа барои Худованд, ва як қуръа барои Азозил.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 16:8
12 Iomraidhean Croise  

Қуръа дар доман партофта мешавад, вале ҳар натиҷаи он аз Худованд аст.


Ин аст замине ки ба сибтҳои Исроил ҳамчун мулки ирсӣ тақсим хоҳед кард, ва ин аст ҳиссаҳои онҳо, мегӯяд Худованд Худо.


Ва нарбузеро, ки куръа барои Азозил бар он баромадааст, дар ҳолати зинда ба ҳузури Худованд мегузорад, то ки бар он кафорат намояд ва онро барои Азозил ба биёбон бифиристад.


Ва он шахс, ки нарбузро барои Азозил бурдааст, бояд либосҳои худро бишӯяд, ва бадани худро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он метавонад ба ӯрдугоҳ дохил шавад.


Ва ду нарбузро мегирад, ва онҳоро ба ҳузури Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ мегузорад.


Ва Ҳорун нарбузеро, ки қуръа барои Худованд бар он баромадааст, наздик меоварад, ва онро барои қурбонии гуноҳ тақдим менамояд.


Ва ба якдигар гуфтанд: «Биёед, қуръа партоем, то бидонем, ки аз боиси кӣ ин офат ба мо расидааст». Ва қуръа партофтанд, ва қуръа ба номи Юнус афтод.


Замин бояд фақат аз рӯи қуръа тақсим карда шавад; бар тибқи номҳои сибтҳои падарони худ онҳо бояд мулк бигиранд.


Ва заминро ба воситаи қуръа ба қабилаҳои худ ҳамчун мулк тақсим кунед: ба онҳое ки сершуморанд, мулкашонро бештар бидиҳед, ба онҳое ки камшуморанд, мулкашонро камтар бидиҳед; маконе ки мувофиқи қуръа ба касе барояд, аз они вай хоҳад буд; амлокро бар ҳасби сибтҳои падарони худ бигиред.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan