Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 16:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, тақдим карда, худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 16:6
12 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки давраи рӯзҳои базм анҷом меёфт, Айюб кас фиристода, онҳоро такдис менамуд, ва саҳаргоҳон бархоста, мувофиқи адади ҳамаи онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ мебаровард, зеро ки Айюб мегуфт: «Шояд, писаронам хато карда, Худоро дар дили худ хорӣ дода бошанд». Айюб ҳама вақт чунин амал мекард.


Ва ба коҳинони левизодае ки аз насли Содӯқ буда, ба Ман наздик меоянд, то ба Ман хизмат кунанд, мегӯяд Худованд Худо, гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ бидеҳ.


Ва ҳангоме ки ин рӯзҳо ба итмом расад, дар рӯзи ҳаштум ва баъд аз он коҳинон қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатии шуморо бар қурбонгоҳ бароранд ва Ман ба шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, мегӯяд Худованд Худо».


Бо ин чизҳо Ҳорун бояд ба қудс дохил шавад: бо гӯсолае барои қурбонии гуноҳ ва бо қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ.


Ва ду нарбузро мегирад, ва онҳоро ба ҳузури Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ мегузорад.


Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ба қурбонгоҳ наздик биё, ва қурбонии гуноҳи худ ва қурбонии сӯхтании худро тақдим карда, барои худат ва барои ҷамоат кафорат намо; ва қурбонии қавмро тақдим карда, барои онҳо кафорат намо, чунон ки Худованд амр фармудааст».


Ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, мисли он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард.


Ва на ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба кудс дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард.


Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan