Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 16:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва аз ҷамоати банӣ‐Исроил бигзор ду нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ва як қӯчқор барои қурбонии сӯхтанӣ бигирад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 16:5
14 Iomraidhean Croise  

Ва онҳо ҳафт гов, ва ҳафт қӯчқор, ва ҳафт барра, ва ҳафт нарбуз оварданд, то ки барои салтанат ва барои қудс ва барои Яҳудо қурбонии гуноҳҳо бишавад; ва ӯ ба банӣ‐Ҳорун амр фармуд, ки онҳоро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳи Худованд тақдим кунанд.


Ва барои тақдиси ин хонаи Худо сад гов, дусад қӯчқор, чорсад барра, ва барои кафорати гуноҳҳои тамоми Исроил — мувофиқи шумораи сибтҳои Исроил — дувоздаҳ нарбуз қурбонӣ карданд.


Ва агар қурбонии ӯ аз рама, яъне аз гӯсфандон ё аз бузон бошад, бигзор барои қурбонии сӯхтанӣ чорпои нари беайбро тақдим намояд.


Агар коҳини тадҳиншуда гуноҳе карда, сабаби гуноҳкор шудани қавм гардида бошад, — бигзор барои гуноҳе ки кардааст, гӯсолаи беайберо аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ ба Худованд тақдим намояд.


Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳро овард, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари гӯсолаи қурбонии гуноҳ монданд,


«Ҳорун, ва писаронашро бо ӯ, ва либосҳо, ва равғани тадҳин, ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ, ва ду қӯчқор, ва сабади фатирҳоро бигир,


Ва ба Ҳорун гуфт: «Гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ ва қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ бигир, ки ҳар ду беайб бошанд, ва ба ҳузури Худованд тақдим намо.


Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии гуноҳи рӯзи кафорат ва қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордии он, ва бо ҳадияҳои рехтании онҳо.


Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan