Ва Ҳорун соле як маротиба бар шохҳои он кафорат хоҳад намуд, аз хуни қурбонии гуноҳ, ки барои кафорат бошад, соле як маротиба бар он дар наслҳои шумо кафорат хоҳад намуд; ин қудси қудсҳост барои Худованд».
Ва бигзор коҳин аз хуни он қурбонии гуноҳ гирифта, бар паҳлудариҳои ин хона, ва бар чор гӯшаи барҷастагии қурбонгоҳ, ва бар паҳлудариҳои дарвозаи саҳни дохилӣ бипошад.
Ва қудсро аз нопокиҳои банӣ‐Исроил ва аз ҷиноятҳои онҳо, ки дар ҳамаи гуноҳҳои онҳост, кафорат менамояд; ва бо хаймаи ҷомеъ низ, ки бо онҳо дар миёни нопокиҳои онҳо сокин аст, чунин амал мекунад.
Ва коҳин аз хуни қурбонии гуноҳ бо ангушти худ гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мерезад;