Ва ҳар яке маҷмари худро гирифта, оташ бар онҳо гузоштанд, ва бухур бар онҳо рехтанд, ва назди дари хаймаи ҷомеъ истоданд. Мусо ва Ҳорун низ бо онҳо буданд.
Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Маҷмарро гирифта, оташе аз болои қурбонгоҳ бар он бимон, ва бухур бирез, ва зуд назди ҷамоат рафта, онҳоро кафорат намо, зеро ки ғазаб аз ҷониби Худованд баромада, вабо оғоз ёфтааст».
Ва оташ дар онҳо бимонед, ва фардо ба ҳузури Худованд бар онҳо бухур бирезед; ва он кас, ки Худованд варо интихоб намояд, муқаддас хоҳад буд. Бас кунед, эй банӣ‐Левӣ!»
Зеро Масеҳ на ба қудси бо дасти одам сохташуда, ки фақат тимсоли қудси ҳақиқист, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо ба ҳузури Худо зоҳир шавад,