Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 16:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва маҷмари пур аз лахчаҳои оташро аз болои қурбонгоҳе ки дар ҳузури Худованд аст, ва ду мушт бухури муаттари сударо гирифта, ба пушти парда медарояд;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 16:12
13 Iomraidhean Croise  

Ва равғани тадҳин, ва бухури муаттар барои қудс, — ҳамаашро ончунон, ки ба ту амр фармудаам, онҳо ба амал хоҳанд овард».


Ва равғани тадҳини муқаддас, ва бухури муаттари пок сохт, ки бо санъати атрсозӣ сохта шуда буд.


Ва писарони Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, ҳар яке маҷмари худро гирифта, оташ бар онҳо монданд, ва бухур бар он гузошта, ба ҳузури Худованд оташи бегонаро, ки Ӯ ба онҳо амр нафармуда буд, наздик оварданд.


Ва ҳар яке маҷмари худро гирифта, оташ бар онҳо гузоштанд, ва бухур бар онҳо рехтанд, ва назди дари хаймаи ҷомеъ истоданд. Мусо ва Ҳорун низ бо онҳо буданд.


Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Маҷмарро гирифта, оташе аз болои қурбонгоҳ бар он бимон, ва бухур бирез, ва зуд назди ҷамоат рафта, онҳоро кафорат намо, зеро ки ғазаб аз ҷониби Худованд баромада, вабо оғоз ёфтааст».


Дастуроти Туро ба Яъқуб таълим медиҳанд, ва шариати Туро ба Исроил; дар ҳузури Ту бухур мегузоранд, ва қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳи ту.


Чӣ қадар бештар Хуни Масеҳ, ки ба василаи Рӯҳи абадӣ Зоти беайби Худро ба Худо тақдим намуд, виҷдони моро аз аъмоли беҷон татҳир хоҳад кард, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро ибодат намоем!


Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад.


Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд.


Ва фаришта маҷмарро гирифта, аз оташи қурбонгоҳ пур кард, ва бар замин партофт; ва садоҳо, ва раъдҳо ва барқҳо, ва заминҷубӣ ба вуқӯъ омад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan