11 Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, наздик меоварад, ва худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд; ва ин гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, забҳ мекунад,
Бо ин чизҳо Ҳорун бояд ба қудс дохил шавад: бо гӯсолае барои қурбонии гуноҳ ва бо қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ.
Ва қудси қудсҳоро кафорат менамояд, ва хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро низ кафорат менамояд, ва коҳинон ва тамоми ҷамоати қавмро кафорат менамояд.
Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, тақдим карда, худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд;
Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ба қурбонгоҳ наздик биё, ва қурбонии гуноҳи худ ва қурбонии сӯхтании худро тақдим карда, барои худат ва барои ҷамоат кафорат намо; ва қурбонии қавмро тақдим карда, барои онҳо кафорат намо, чунон ки Худованд амр фармудааст».
Ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, мисли он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард.
Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад.