7 Ва ҳар кӣ ба бадани шахси ҷараёндор мерасад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
Ва аз инҳо наҷис хоҳед шуд; ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.
Ва ҳар кӣ чизе аз лошаи онҳо бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд.
Ва агар яке аз чорпоёне ки барои хӯроки шумост, бимирад, ҳар кӣ ба лошаи он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.
Ва ҳар кӣ бар ашьёе менишинад, ки шахси ҷараёндор бар он нишаста буд, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
Ва агар шахси ҷараёндор бар каси пок туф кунад, он кас бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
Ё ба шахсе ки ба ҳар ҳашарот расида наҷис гардидааст, ё ба шахсе ки аз ҳар гуна нопокии вай наҷис мешавад, —
Ва ҳар чизе ки шахси наҷис ба он расида бошад, наҷис хоҳад буд, ва касе ки ба он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд».