Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 15:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва ҳар кӣ ба бистари ӯ мерасад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 15:5
31 Iomraidhean Croise  

Ва алҳол сарам бар душманонам, ки гирди маро гирифтаанд, баланд хоҳад шуд, ва дар хаймаи Ӯ қурбониҳои шодиёна хоҳам овард, дар шаъни Худованд суруд хоҳам хонд ва Ӯро хоҳам сароид.


Вақте ки Дӯэги Адӯмӣ омада, ба Шоул хабар дода гуфт, ки Довуд ба хонаи Аҳималик омадааст.


Худо низ туро ба сурати абадӣ вожгун хоҳад намуд, туро бе беху буньёд карда, аз хаймаат бадар хоҳад ронд, ва решаи туро аз замини зиндаҳо. Село.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди қавм рафта, онҳоро имрӯз ва фардо тақдис намо, ва бигзор онҳо либосҳошонро шустушӯ кунанд,


Шустушӯй кунед, пок шавед; аъмоли бади худро аз чашмони Ман дур созед; аз бадкирдорӣ даст кашед.


Ва Худованди лашкарҳо дар гӯши ман ошкор кардааст: «Ба яқин, ин гуноҳи шумо омурзида нахоҳад шуд то даме ки бимиред!» — гуфтааст Худованд, Худованди лашкарҳо.


Ва оби пок бар шумо хоҳам пошид, ва шумо пок хоҳед шуд; аз ҳамаи палидиҳотон ва аз ҳамаи бутҳотон шуморо пок хоҳам кард.


Ва шуморо аз ҳамаи палидиҳои шумо наҷот хоҳам дод; ва ғалладонаро хонда, онро фаровон хоҳам гардонид, ва шуморо ба қаҳтӣ гирифтор нахоҳам кард.


Ва аз инҳо наҷис хоҳед шуд; ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар кӣ чизе аз лошаи онҳо бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар кӣ лошаи онҳоро бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд; онҳо барои шумо наҷисанд.


Ва ҳар чизе ки яке аз онҳо пас аз мурданаш бар он афтад, наҷис хоҳад шуд: хоҳ чизе аз зарфи чӯбин, хоҳ либосе, хоҳ пӯсте, хоҳ халтае, яъне ҳар колое ки барои коре истеъмол мешавад, бояд дар об гузошта шавад, ва он то шом наҷис хоҳад буд, ва пас аз он пок хоҳад шуд.


Ва коҳин он калиро дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва инак, он калӣ бар пӯст паҳн нашудааст, ва намуди он аз пӯст чуқуртар нест; он гоҳ коҳин варо пок эълон мекунад, ва вай либосҳояшро шуста, пок мешавад.


Ва коҳин дуюмбора варо дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва инак, захм камранг шудааст, ва захм дар пӯст паҳн нашудааст, — коҳин варо пок эълон мекунад; ин хушкии пӯст аст, ва бигзор вай либосҳояшро бишӯяд, ва пок хоҳад буд.


Ва коҳин аз равғане ки дар кафи дасти чапи ӯст, бо ангушти рости худ ҳафт карат ба ҳузури Худованд мепошад.


Ва агар ба марде, ҳангоме ки бо зане хобида бошад, ҷараёни нутфа рӯй диҳад, бояд онҳо дар об ғусл кунанд, ва то шом наҷис хоҳанд буд.


Ҳар бистаре ки шахси ҷараёндор бар он мехобад, наҷис аст, ва ҳар ашьёе ки бар он менишинад, наҷис аст.


Ва ҳар кӣ бар ашьёе менишинад, ки шахси ҷараёндор бар он нишаста буд, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.


Ва он шахс, ки нарбузро барои Азозил бурдааст, бояд либосҳои худро бишӯяд, ва бадани худро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он метавонад ба ӯрдугоҳ дохил шавад.


Ва он шахс, ки онҳоро месӯзонад, бояд либосҳои худро бишӯяд, ва бадани худро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он метавонад ба ӯрдугоҳ дохил шавад.


Ва ҳар кас, хоҳ тубҷоӣ бошад хоҳ ғариб, агар лоша ё даридашударо бихӯрад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис буда, баъд аз он пок хоҳад шуд.


Ва касе ки хокистари модаговро ҷамъ кардааст, бигзор либосашро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд. Ва бигзор ин барои банӣ‐Исроил ва барои ғарибе ки дар миёни онхо сукунат дорад, фаризаи доимӣ бошад.


Ва ҳар чизе ки шахси наҷис ба он расида бошад, наҷис хоҳад буд, ва касе ки ба он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд».


Пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисми худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем,


Чӣ қадар бештар Хуни Масеҳ, ки ба василаи Рӯҳи абадӣ Зоти беайби Худро ба Худо тақдим намуд, виҷдони моро аз аъмоли беҷон татҳир хоҳад кард, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро ибодат намоем!


Вагар на Ӯ мебоист аз ибтидои олам борҳо уқубат мекашид. Аммо Ӯ алҳол, дар охири замонҳо, як бор зоҳир шуд, то ки бо қурбонии Худ гуноҳро нест кунад.


Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон.


Ба ӯ гуфтам: «Эй оғо, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд;


Ва Шоул дар он рӯз чизе нагуфт, зеро ки ба дили худ гуфт: «Ин тасодуфист; шояд, вай нопок бошад, зеро ки худро татҳир нанамудааст».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan