22 Ва ҳар кӣ ба ҳар ашьёе мерасад, ки вай бар он нишаста буд, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
Ва ҳар кӣ ба бистари вай мерасад, бояд либоси худро бишӯяд, ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
Ва агар бар бистари вай ё бар ашьёе ки вай бар он нишаста буд, чизе бошад, ҳангоме ки касе ба он чиз мерасад, то шом наҷис хоҳад буд.
Ва аз инҳо наҷис хоҳед шуд; ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.
Ва ҳар чизе ки шахси наҷис ба он расида бошад, наҷис хоҳад буд, ва касе ки ба он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд».