21 Ва ҳар кӣ ба бистари вай мерасад, бояд либоси худро бишӯяд, ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
Ва Худованди лашкарҳо дар гӯши ман ошкор кардааст: «Ба яқин, ин гуноҳи шумо омурзида нахоҳад шуд то даме ки бимиред!» — гуфтааст Худованд, Худованди лашкарҳо.
Ва аз инҳо наҷис хоҳед шуд; ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.
Ва ҳар чизе ки вай дар вақти ҳайзи худ бар он мехобад, наҷис аст; ва ҳар чизе ки вай бар он менишинад, наҷис аст.
Ва ҳар кӣ ба ҳар ашьёе мерасад, ки вай бар он нишаста буд, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
Ва ҳар чизе ки шахси наҷис ба он расида бошад, наҷис хоҳад буд, ва касе ки ба он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд».
Пас, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.
Вагар на Ӯ мебоист аз ибтидои олам борҳо уқубат мекашид. Аммо Ӯ алҳол, дар охири замонҳо, як бор зоҳир шуд, то ки бо қурбонии Худ гуноҳро нест кунад.
Ба ӯ гуфтам: «Эй оғо, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд;