Ва ҳар касе ки шахси ҷараёндор ба ӯ мерасад, бе он ки дастҳояшро бо об шуста бошад, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
Он бояд бар тоба бо равған тайёр карда шавад; онро бо оби ҷӯш омехта, ҳамчун ҳадияи ордии иборат аз нончаҳои бирьён биёр; барои атри гуворо ба Худованд тақдим намо.
Ва зарфи сафолине ки қурбонии гуноҳ дар он пухта шудааст, бояд шикаста шавад; ва агар он дар зарфи мисин пухта шуда бошад, он зарф бояд сайқал дода ва бо об шуста шавад.