8 Ва покшаванда либосҳояшро мешӯяд, ва тамоми мӯи худро метарошад, ва дар об ғусл мекунад, ва пок мешавад; ва баъд аз он ба ӯрдугоҳ меояд, ва ҳафт рӯз берун аз хаймаи худ зиндагӣ мекунад.
Ва дар рӯзи ҳафтум тамоми мӯи худро метарошад, сари худ ва риши худ ва абрувони худ ва тамоми мӯи худро метарошад; ва либосҳои худро мешӯяд, ва бадани худро дар об ғусл медиҳад, ва пок мешавад.
Ва барои татҳирашон ба онҳо чунин амал намо: оби татҳири гуноҳро бар онҳо бипош, ва бигзор онҳо тамоми бадани худро бо поку битарошанд, ва либосҳои худро бишӯянд, ва пок хоҳанд шуд;