Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 14:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва бар касе ки аз махав пок мешавад, ҳафт карат мепошад, ва варо пок эълон мекунад, ва парандаи зиндаро ба саҳро сар медиҳад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 14:7
29 Iomraidhean Croise  

Ва Элишоъ қосиде назди вай фиристода, гуфт: «Рафта, ҳафт карат дар Урдун ғусл намо, ва баданат аз нав тоза шуда, ту пок хоҳӣ гардид».


Ва ӯ фурӯд омада, бар тибқи каломи марди Худо, ҳафт карат дар Урдун ғусл кард, ва баданаш, мисли бадани тифли хурд, аз нав тоза шуд, ва ӯ пок гардид.


Вақте ки Дӯэги Адӯмӣ омада, ба Шоул хабар дода гуфт, ки Довуд ба хонаи Аҳималик омадааст.


Худо низ туро ба сурати абадӣ вожгун хоҳад намуд, туро бе беху буньёд карда, аз хаймаат бадар хоҳад ронд, ва решаи туро аз замини зиндаҳо. Село.


Ончунон Ӯ халқҳои зиёдро дар ҳайрат хоҳад андохт; подшоҳон пеши Ӯ даҳони худро хоҳанд баст, зеро он чиро, ки ба онҳо ҳикоят карда нашуда буд, хоҳанд дид, ва он чиро, ки нашунида буданд, хоҳанд фаҳмид.


Ва оби пок бар шумо хоҳам пошид, ва шумо пок хоҳед шуд; аз ҳамаи палидиҳотон ва аз ҳамаи бутҳотон шуморо пок хоҳам кард.


Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри муқаддаси ту муқаррар карда шудааст, то ки ҷиноят хотима ёбад, ва гуноҳ нест шавад, ва маъсият кафорат шавад, ва адолати ҷовидонӣ барқарор шавад, ва рӯъёи набӣ муҷассам гардад, ва қудси қудсҳо тадҳин карда шавад.


Ва коҳин мебинад, ва инак, махав тамоми бадани варо пӯшонидааст, ӯ покии беморро эълон менамояд: азбаски тамоми бадани вай сафед шудааст, вай пок аст.


Ва коҳин варо мебинад, ва инак, он захм сафед шудааст, ва коҳин беморро пок эълон менамояд; вай пок аст.


Ва чӯби арз, ва зуфо, ва риштаи қирмизӣ, ва парандаи зиндаро мегирад, ва онҳоро дар хуни парандае ки бар оби равон кушта шудааст, меғӯтонад, ва бар хона ҳафт карат мепошад;


Ва аз хуни гӯсола гирифта, бо ангушташ ба тарафи шарқии сарпӯш мепошад, ва пеши сарпӯш ҳафт карат аз он хун бо ангушташ мепошад;


Ва бар он аз хун бо ангушташ ҳафт карат мепошад, ва онро аз нопокиҳои банӣ‐Исроил пок мегардонад ва тақдис менамояд;


Ва нарбуз ҳамаи гуноҳҳои онҳоро бар худ бардошта, ба замини харобазор мебарад; ва он шахс нарбузро дар биёбон сар медиҳад.


Ва коҳин ангушташро дар хун ғӯтонида, онро ба ҳузури Худованд ҳафт карат пеши парда мепошад;


Ва коҳин ангушти худро дар хун меғӯтонад, ва аз хун ба ҳузури Худованд ҳафт карат пеши пардаи қудс мепошад.


Ва аз он бар қурбонгоҳ ҳафт карат пошид, ва қурбонгоҳ ва тамоми колояш, ва лаган ва пояашро тадҳин намуд, то ки онҳоро тақдис кунад.


Ӯ боз ба мо раҳм хоҳад кард, маъсиятҳои моро поймол хоҳад намуд. Ва Ту ҳамаи гуноҳҳои моро дар қаъри баҳр хоҳӣ андохт;


Вай бояд худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум бо он пок гардонад, ва он гоҳ пок хоҳад буд; вале агар худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум пок нагардонад, пок нахоҳад буд.


Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд.


Пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисми худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем,


Ва ба Исо, ки Миёнарави аҳди ҷадид аст, ва ба Хуни пошиданӣ, ки назар ба хуни Ҳобил хубтар сухан мегӯяд.


Зеро, агар хуни бузҳо ва говҳо ва хокистари модагов, ки ба палидон пошида мешавад, онҳоро то ба дараҷаи татҳири ҷисм тақдис мекарда бошад,


Зеро, вақте ки Мусо ҳамаи аҳкомро мувофиқи шариат пеши тамоми қавм ҳонд, хуни говҳо ва бузҳоро бо об ва пашми арғувонӣ ва зуфо гирифта, ҳам бар худи китоб пошид, ҳам бар тамоми қавм,


Ҳамчунин бар хайма ва тамоми олоти ибодати Худо хун пошид.


Вагар на Ӯ мебоист аз ибтидои олам борҳо уқубат мекашид. Аммо Ӯ алҳол, дар охири замонҳо, як бор зоҳир шуд, то ки бо қурбонии Худ гуноҳро нест кунад.


Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо тақдиси Рӯҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интиҳоб шудаанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо фаровон бод.


Ӯ Исои Масеҳ аст, ки бо об ва хун ва Рӯҳ омадааст, на танҳо бо об, балки бо об ва хун; ва Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ростист.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan