5 Ва коҳин амр мефармояд, ки як парандаро бар зарфи сафолин, бар оби равон бикушанд.
Ва коҳин амр мефармояд, ки барои шахси покшаванда ду парандаи зиндаи пок, ва чӯби арз, ва риштаи қирмизӣ, ва зуфо бигиранд.
Ва як парандаро бар зарфи сафолин, бар оби равон мекушад;
Аммо парандаи зиндаро ӯ бо чӯби арз ва риштаи қирмизӣ ва зуфо мегирад, ва онҳоро бо парандаи зинда дар хуни парандае ки бар оби равон кушта шудааст, меғӯтонад.
Ва коҳин дар зарфи сафолин оби муқаддас мегирад, ва коҳин аз хоке ки бар фарши маскан аст, гирифта, дар об меандозад.
Зеро, агарчи Ӯ дар ҳолати заъф маслуб шуд, лекин бо қуввати Худо зинда аст; мо низ дар Ӯ заиф ҳастем, лекин ҳамроҳи Ӯ бо қуввати Худо, ки дар шумост, зиндагӣ хоҳем кард.
Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;
Зеро медонем, ки агар хонаи заминии мо, ин хайма, хароб шавад, мо иморате аз ҷониби Худо дорем, хонаи бо дасти одам сохта нашудаи абадӣ, ки дар осмон аст.
Ва азбаски фарзандон ба ҷисм ва хун шарокат доранд, Ӯ низ шарики инҳо гардид, то ки ба воситаи мамот соҳиби қудрати мамотро, яъне иблисро нобуд намояд.