Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 14:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва коҳин амр мефармояд, ки барои шахси покшаванда ду парандаи зиндаи пок, ва чӯби арз, ва риштаи қирмизӣ, ва зуфо бигиранд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 14:4
11 Iomraidhean Croise  

Худо низ туро ба сурати абадӣ вожгун хоҳад намуд, туро бе беху буньёд карда, аз хаймаат бадар хоҳад ронд, ва решаи туро аз замини зиндаҳо. Село.


Ва бандчае аз зуфо гирифта, дар хуне ки дар лаган аст, биғӯтонед, ва ба болодарӣ ва ду паҳлударӣ аз хуне ки дар лаган аст, бимолед; ва касе аз шумо аз дари хонаи худ то субҳ берун наравад.


Ва агар қурбонии ӯ барои Худованд, яъне қурбонии сӯхтанӣ аз парандагон бошад, бигзор қурбонии худро аз фохтаҳо ё аз чӯҷаҳои кабӯтар тақдим намояд.


Ва агар овардани барра барояш дастрас набошад, бигзор ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар оварад, ки яке барои қурбонии сӯхтанӣ ва дигаре барои қурбонии гуноҳ аст; ва коҳин барои вай кафорат хоҳад намуд, ва вай пок хоҳад шуд».


Ва коҳин амр мефармояд, ки як парандаро бар зарфи сафолин, бар оби равон бикушанд.


Аммо парандаи зиндаро ӯ бо чӯби арз ва риштаи қирмизӣ ва зуфо мегирад, ва онҳоро бо парандаи зинда дар хуни парандае ки бар оби равон кушта шудааст, меғӯтонад.


Ва агар баррае барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии ҷурми худ барои гуноҳе ки кардааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтарро ба Худованд тақдим намояд: яке — барои қурбонии гуноҳ, ва дигаре — барои қурбонии сӯхтанӣ.


Ва шахси поке зуфо гирифта, дар он об биғӯтонад, ва бар хайма ва бар тамоми коло ва бар касоне ки дар он буданд, ва бар шахсе ки ба устухон, ё ба мақтул, ё ба ҷасади мурда, ё ба қабр расидааст, бипошад;


Ва бигзор коҳин чӯби арз ва зуфо ва риштаи қирмиз гирифта, бар оташи модагов партояд;


Зеро, вақте ки Мусо ҳамаи аҳкомро мувофиқи шариат пеши тамоми қавм ҳонд, хуни говҳо ва бузҳоро бо об ва пашми арғувонӣ ва зуфо гирифта, ҳам бар худи китоб пошид, ҳам бар тамоми қавм,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan