Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 14:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва коҳин аз ӯрдугоҳ берун меравад, ва коҳин мебинад, ва инак, махавӣ аз захми махав шифо ёфтааст;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 14:3
14 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ фурӯд омада, бар тибқи каломи марди Худо, ҳафт карат дар Урдун ғусл кард, ва баданаш, мисли бадани тифли хурд, аз нав тоза шуд, ва ӯ пок гардид.


Ва ӯ ба хотуни худ гуфт: «Кошки оғоям пеши набие ки дар Сомария аст, мерафт, ки вай ӯро аз махаваш шифо медод!»


Зеро ки Ӯ маҷрӯҳ мекунад ва Худаш ҷароҳатбандӣ менамояд; Ӯ зарба медиҳад, ва дасти Худаш шифо мебахшад;


Ва гуфт: «Агар ту овози Худованд Худои худро бишнавӣ ва он чиро, ки дар назари Ӯ дуруст аст, ба амал оварӣ, ва ба аҳкоми Ӯ гӯш диҳӣ, ва фароизи Ӯро риоя намоӣ, — ҳеҷ яке аз бемориҳоеро, ки бар Миср овардаам, бар ту нахоҳам овард, зеро ки Ман Худованди шифобахши ту ҳастам».


«Одаме ки бар пӯсти баданаш вараме, ё хушкие, ё доғи равшане пайдо мешавад, ва ин бар пӯсти баданаш монанди захми махав аст, — ӯ бояд назди Ҳоруни коҳин ё назди яке аз писарони коҳинаш оварда шавад.


Тамоми айёме ки он захм бар вай бошад, вай наҷис хоҳад буд; вай наҷис аст, вай бояд танҳо зиндагӣ кунад, яъне масканаш берун аз ӯрдугоҳ бошад.


Ва агар коҳин омада бубинад, ва инак, захм баъд аз андова кардани хона паҳн нашудааст, — коҳин хонаро пок эълон мекунад, зеро ки захм бартараф шудааст.


Беморонро шифо диҳед, махавиёнро пок кунед, мурдагонро эҳьё кунед, девҳоро берун кунед; муфт ёфтаед, муфт диҳед.


Кӯрҳо мебинанд ва шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд ва карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ва ба мискинон башорат дода мешавад;


Ва бисьёр махавиён дар Исроил дар айёми Элишои набӣ буданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо пок нашуд, балки фақат Наамони сурьёнӣ».


Ва Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи дидед ва шунидед, ба Яҳьё бигӯед: кӯрҳо мебинанд, шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд, карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ба мискинон башорат дода мешавад;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan