16 Ва коҳин ангушти рости худро дар равғане ки дар кафи дасти чапи ӯст, меғӯтонад, ва аз равған бо ангушти худ ҳафт карат ба ҳузури Худованд мепошад.
Ва коҳин қадаре аз лӯҷи равған гирифта, бар кафи дасти чапи худ мерезад.
Ва аз бақияи равғане ки дар кафи дасти ӯст, коҳин ба нармаи гӯши рости шахси покшаванда, ва ба нарангушти дасти рости вай, ва ба нарангушти пои рости вай, болои хуни қурбонии ҷурм мемолад.
Ва коҳин ангушташро дар хун ғӯтонида, онро ба ҳузури Худованд ҳафт карат пеши парда мепошад;
Ва коҳин ангушти худро дар хун меғӯтонад, ва аз хун ба ҳузури Худованд ҳафт карат пеши пардаи қудс мепошад.
Ва аз он бар қурбонгоҳ ҳафт карат пошид, ва қурбонгоҳ ва тамоми колояш, ва лаган ва пояашро тадҳин намуд, то ки онҳоро тақдис кунад.
Оё, ғайр аз ин аҷнабӣ, касе ёфт нашуд, ки баргашта, Худоро ҳамду сано ҳонад?»
Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред.