11 Ва коҳини поккунанда шахси покшавандаро бо ин чизҳо ба ҳузури Худованд назди дари хаймаи ҷомеъ мегузорад.
Ва дар рӯзи ҳаштум ду барраи беайб, ва як меши яксолаи беайб, ва се ушр орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ордӣ, ва як лӯҷ равған мегирад.
Ва коҳин як барраро мегирад, ва онро бо як лӯҷ равған барои қурбонии ҷурм тақдим менамояд, ва онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд меҷунбонад.
Ва онҳоро дар рӯзи ҳаштуми покшавии худ назди коҳин, ба дари хаймаи ҷомеъ, ба хузури Худованд биёрад.
Ва тамоми ҷамоатро назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ кун».
Ва левизодагон бо оби татҳири гуноҳ пок шуданд, ва либосҳои худро шустанд; ва Хорун онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ба ҷунбиш овард, ва Ҳорун онҳоро, барои пок шуданашон, кафорат намуд.
Ва Ӯро, ки қодир аст шуморо аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад ва дар шодӣ беайб ба ҳузури ҷалоли Худ биистонад,