Ва коҳин як барраро мегирад, ва онро бо як лӯҷ равған барои қурбонии ҷурм тақдим менамояд, ва онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд меҷунбонад.
Ва агар вай камбизоат буда, ин чизҳо барояш дастрас набошад, бигзор як барра барои қурбонии ҷурм бигирад, то ҷунбонида шавад ва варо кафорат намояд, ва як ушр орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ордӣ бигирад, ва як лӯҷ равған,
Ва агар касе бихоҳад қурбонии ҳадияи ордиро барои Худованд тақдим намояд, — бигзор орди маҳин қурбонии ӯ бошад, ва равған бар он бирезад, ва лебӯно бар он бимонад.
Ва ҳадияи ордии он ду ушр орди маҳини омехта бо равған хоҳад буд, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд бошад; ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин шароб хоҳад буд.
Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;