7 Ва агар хушкӣ дар пӯст паҳн шавад баъд аз он ки вай худро ба коҳин нишон дода, пок эълон карда шудааст, вай бояд дуюмбора назди коҳин ҳозир шавад.
Ман гунг ва хомӯш будам, аз некӣ низ лаб фурӯ бастам, ва дардам бадтар шуд.
«Одаме ки бар пӯсти баданаш вараме, ё хушкие, ё доғи равшане пайдо мешавад, ва ин бар пӯсти баданаш монанди захми махав аст, — ӯ бояд назди Ҳоруни коҳин ё назди яке аз писарони коҳинаш оварда шавад.
Ва коҳин варо дар рӯзи ҳафтум мебинад: агар он бар пӯст паҳн шуда бошад, коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захми махав аст.
Ва коҳин дуюмбора варо дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва инак, захм камранг шудааст, ва захм дар пӯст паҳн нашудааст, — коҳин варо пок эълон мекунад; ин хушкии пӯст аст, ва бигзор вай либосҳояшро бишӯяд, ва пок хоҳад буд.
Ва коҳин мебинад, ва инак, хушкӣ дар пӯст паҳн шудааст, — коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин махав аст.
Ва дар рӯзи ҳафтум коҳин омада, мебинад, ва инак, захм бар деворҳои хона паҳн шудааст;