Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 13:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва коҳин дуюмбора варо дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва инак, захм камранг шудааст, ва захм дар пӯст паҳн нашудааст, — коҳин варо пок эълон мекунад; ин хушкии пӯст аст, ва бигзор вай либосҳояшро бишӯяд, ва пок хоҳад буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 13:6
23 Iomraidhean Croise  

Он гоҳ ҳар дуо ва ҳар истиғосаро, ки аз ҷониби ҳар одам, ё аз ҷониби тамоми қавми Ту Исроил гуфта мешавад, вақте ки ҳар яке аз онҳо мусибати дили худро медонанд ва дастҳои худро сӯи ин хона дароз мекунанд,


Он гоҳ Ту аз осмон дуо ва истиғосаи онҳоро бишнав, ва дархости онҳоро ба ҷо овар.


Кист, ки тавонад бигӯяд: «Дили худро тоза кардаам, аз гуноҳи худ пок шудаам»?


Дар асл одами одиле дар рӯи замин нест, ки некӣ кунад ва хатое содир нанамояд.


Наи нимшикастаро нахоҳад шикаст, ва пилтаи катонии камнурро хомӯш нахоҳад кард; инсофро аз рӯи ростӣ ҷорӣ хоҳад намуд;


Ва ҳар кӣ чизе аз лошаи онҳо бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд.


Ва ҳар кӣ лошаи онҳоро бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд; онҳо барои шумо наҷисанд.


Ва ҳар кӣ аз лошаи он хӯрда бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд; ва ҳар кӣ лошаи онро бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд.


«Одаме ки бар пӯсти баданаш вараме, ё хушкие, ё доғи равшане пайдо мешавад, ва ин бар пӯсти баданаш монанди захми махав аст, — ӯ бояд назди Ҳоруни коҳин ё назди яке аз писарони коҳинаш оварда шавад.


Ва дар рӯзи ҳафтум коҳин варо мебинад, ва инак, захм дар ҳолати аввала мондааст, ва захм дар пӯст паҳн нашудааст, — коҳин дуюмбора варо ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.


Ва агар хушкӣ дар пӯст паҳн шавад баъд аз он ки вай худро ба коҳин нишон дода, пок эълон карда шудааст, вай бояд дуюмбора назди коҳин ҳозир шавад.


Ва покшаванда либосҳояшро мешӯяд, ва тамоми мӯи худро метарошад, ва дар об ғусл мекунад, ва пок мешавад; ва баъд аз он ба ӯрдугоҳ меояд, ва ҳафт рӯз берун аз хаймаи худ зиндагӣ мекунад.


Касеро, ки дар имон суст аст, қабул кунед бе он ки дар бораи ақидаҳо мубоҳиса намоед.


Пас, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.


Онҳо фосид шудаанд; аз боиси нуқсони худ фарзандони Ӯ нестанд; насли саркаш ва каҷкоранд.


Пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисми худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем,


Ва онҳо, бо чизҳои хӯрданӣ ва нӯшиданӣ ва бо ҳар гуна таҳорат ва маросим, дастурҳои мансуб ба ҷисм буда, фақат то замони ислоҳ муқаррар карда шудаанд.


Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар суҳан пешпо намеҳӯрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan