Ва агар доғи равшани сафеде бар пӯсти баданаш бошад, вале намуди он аз пӯст чуқуртар набошад, ва мӯйҳояш сафед нашуда бошад, — коҳин чунин захмдорро ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
Ва покшаванда либосҳояшро мешӯяд, ва тамоми мӯи худро метарошад, ва дар об ғусл мекунад, ва пок мешавад; ва баъд аз он ба ӯрдугоҳ меояд, ва ҳафт рӯз берун аз хаймаи худ зиндагӣ мекунад.