47 Ва агар бар либосе асари захми махав намоён бошад, хоҳ либосе аз пашм бошад, хоҳ аз катон,
Тори анкабӯти онҳо барои либос кор намеояд, ва онҳо худро бо самари аъмолашон наметавонанд пӯшонанд; аъмоли онҳо аъмоли ҷафост, ва кори ситам дар дасти онҳост.
Ва ҳамаамон мисли палиде гардидаем, ва тамоми адолати мо мисли либоси чиркин аст; ва ҳамаамон мисли барг пажмурда шудаем, ва гуноҳҳоямон мисли боде моро бардошта мебарад.
Ва аз либосҳои худ гирифта, барои худ баландиҳои рангин сохтӣ, ва бар онҳо зино кардӣ, ки чунин ҳодиса ҳаргиз рӯй надодааст ва набояд рӯй диҳад.
Тамоми айёме ки он захм бар вай бошад, вай наҷис хоҳад буд; вай наҷис аст, вай бояд танҳо зиндагӣ кунад, яъне масканаш берун аз ӯрдугоҳ бошад.
Хоҳ бар тори он бошад, хоҳ бар пуди он катон ва пашм, хоҳ бар чарм бошад, хоҳ бар ҳар маснӯи чармин;
Ва ӯ бояд он либосро бисӯзонад, хоҳ тор бошад хоҳ пуд, хоҳ аз пашм бошад хоҳ аз катон, хоҳ ҳар колои чармине ки захм бар он бошад, — зеро ки он махави муфсид аст; он бояд дар оташ сӯзонида шавад.
Ин аст қонун дар бораи захми махав бар либоси пашмин ё катон, ё бар тор, ё бар пуд, ё бар ҳар колои чармин, барои пок ё наҷис эълон кардани он.
Ва дар бораи махави либос ва хона,
Шаб гузашту рӯз наздик омад: пас, биёед, аъмоли зулмотро як сӯ монему аслиҳаи нурро дар бар кунем.
Пас рафтори пештараи одами кӯҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед,
Зеро ки шумо мурдаед, ва ҳаёти шумо бо Масеҳ дар Худо ниҳон аст:
Баъзеи дигарро бо ваҳм наҷот дода, аз оташ берун оваред; бо ваҳм раҳм карда, ҳатто аз либосе ки бо ҷисм палид шудааст, нафрат намоед.