43 Ва коҳин варо мебинад, ва инак, варами захми сафеди сурхтобе бар ҷои бемӯи ақраъ ё тоссар намоён аст, ки ба намуди махави пӯсти бадан монанд аст, —
Бинобар ин Худованд фарқи сари духтарони Сионро кал хоҳад кард, ва Худованд аврати онҳоро бараҳна хоҳад намуд».
Коҳинони он шариати Маро поймол, ва чизҳои муқаддаси Маро палид месозанд, чизи муқаддасро аз ғайримуқаддас ҷудо намекунанд, ва чизи палидро аз пок фарқ наменамоянд, ва аз шанбеҳои Ман чашми худро мепӯшанд, ва Ман андаруни онҳо беҳурмат шудаам.
То ки муқаддасро аз ғайримуқаддас, ва наҷисро аз пок битавонед фарқ кунед,
Ва дар ҷои он обила варами сафедранге, ё доғи равшани сафеди сурхтобе ба вуҷуд омада бошад, — вай бояд онро ба коҳин нишон диҳад.
Вале агар дар ҷои бемӯи ақраъ ё тоссар захми сафеди сурхтобе бошад, — ин махав аст, ки бар сари ақраъ ё тоссар пайдо шудааст.
Пас, вай махавист, вай наҷис аст; коҳин бояд варо наҷис эълон кунад; захми вай бар сари вай аст.