42 Вале агар дар ҷои бемӯи ақраъ ё тоссар захми сафеди сурхтобе бошад, — ин махав аст, ки бар сари ақраъ ё тоссар пайдо шудааст.
Ва дар ҷои он обила варами сафедранге, ё доғи равшани сафеди сурхтобе ба вуҷуд омада бошад, — вай бояд онро ба коҳин нишон диҳад.
«Одаме ки бар пӯсти баданаш вараме, ё хушкие, ё доғи равшане пайдо мешавад, ва ин бар пӯсти баданаш монанди захми махав аст, — ӯ бояд назди Ҳоруни коҳин ё назди яке аз писарони коҳинаш оварда шавад.
Ва агар мӯи сари вай аз тарафи пешонияш рехта бошад, вай тоссар аст; вай пок аст.
Ва коҳин варо мебинад, ва инак, варами захми сафеди сурхтобе бар ҷои бемӯи ақраъ ё тоссар намоён аст, ки ба намуди махави пӯсти бадан монанд аст, —
Ва ӯ захмро мебинад, ва инак, захм бар деворҳои хона аз чуқурчаҳои сабзтоб ё сурхтоб иборат аст, ва намудашон аз девор пасттар аст;