Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 13:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Одаме ки бар пӯсти баданаш вараме, ё хушкие, ё доғи равшане пайдо мешавад, ва ин бар пӯсти баданаш монанди захми махав аст, — ӯ бояд назди Ҳоруни коҳин ё назди яке аз писарони коҳинаш оварда шавад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 13:2
23 Iomraidhean Croise  

Бигзор он бар сари Юоб ва тамоми хонадони падараш афтад; ва бигзор каси гирифтори сӯзок, ва каси махавӣ, ва каси бар асо такьякунанда, ва каси ба дами шамшер афтанда, ва каси мӯҳтоҷи нон аз хонадони Юоб ҳаргиз кам нашавад».


Ва Наамон, сардори лашкари подшоҳи Арам, ба ҳузури оғои худ шахси бузург ва мӯҳтарам буд, зеро ки ба воситаи вай Худованд ба Арам ғалаба бахшида буд; ва ин шахс паҳлавони далер, вале махавӣ буд.


Пас, махави Наамон ба ту ва ба насли ту ба сурати абадӣ хоҳад часпид». Ва ӯ аз махав мисли барф сафед шуда, аз пеши вай берун рафт.


Аз кафи по то фарқи сар дар ӯ ҷои сиҳате нест: ҷароҳат ва реш ва захми хуншор, ки на пок карда шудааст, на баста шудааст ва на бо равған нарм гардонида шудааст.


Бинобар ин Худованд фарқи сари духтарони Сионро кал хоҳад кард, ва Худованд аврати онҳоро бараҳна хоҳад намуд».


Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:


Ва коҳин он захмро, ки бар пӯсти бадан аст, мебинад, ва агар мӯйҳои рӯи захм сафед шуда, намуди захм аз пӯсти баданаш чуқуртар бошад, — ин захми махав аст; ва коҳин инро дида, ӯро наҷис эълон мекунад.


Ва коҳин мебинад, ва инак, хушкӣ дар пӯст паҳн шудааст, — коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин махав аст.


Ва коҳин аз ӯрдугоҳ берун меравад, ва коҳин мебинад, ва инак, махавӣ аз захми махав шифо ёфтааст;


Пас, соҳиби он хона бояд назди коҳин омада, бигӯяд: „Дар хона чизе мисли захм ба назар менамояд“.


Ва дар бораи варам, ва дар бораи хушкӣ, ва дар бораи доғи равшан, —


Зеро ки лабҳои коҳин донишро маҳфуз медорад, ва шариатро аз даҳони ӯ металабанд, зеро ки ӯ элчии Худованди лашкарҳост.


Ва абр аз болои хайма дур шуд, ва инак, Марьям аз махав мисли барф сафед шуда буд; ва Ҳорун ба Марьям назар андохт, ва инак, вай махавӣ гардидааст.


Бигзор вай мисли мурдае нагардад, ки чун аз раҳими модараш берун ояд, нисфи баданаш пӯсида бошад».


Ва Исо ба вай гуфт: «Зинҳор, ба касе магӯ; балки рафта, худро ба коҳин нишон деҳ ва он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, тақдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад».


Ва ба вай гуфт: «Зинҳор, ба касе чизе магӯ, балки рафта худро ба коҳин нишон деҳ ва ба бадали пок шудани худ он чи Мусо фармудааст, тақдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад».


Ва Ӯ, чун дид, ба онҳо гуфт: «Биравед ва худро ба коҳинон нишон диҳед». Ва онҳо дар вақти рафтанашон пок шуданд.


Ва Ӯ ба вай таъин кард, ки ба ҳеҷ кас гап назанад, балки рафта худро ба кохин нишон диҳад ва барои пок шудани худ он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, такдим кунад, то ба онҳо шаҳодате гардад.


Дар хусуси захми махав эҳтиёт намоед, то ҳар он чиро, ки коҳинони левизода ба шумо таълим медиҳанд, бағоят риоя намуда, ба ҷо оваред; он чиро, ки ман ба онҳо амр фармудаам, риоя намуда, ба ҷо оваред.


Худованд туро ба обилаи Миср, захми думбалдор, ҷараб ва хоришак гирифтор хоҳад кард, ки аз онҳо наметавонӣ шифо ёбӣ.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan