Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 13:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 Ва агар бар пӯсти бадани касе обила пайдо шуда, сиҳат ёфта бошад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 13:18
9 Iomraidhean Croise  

Ва Ишаъё гуфт: «Қурсе аз анҷирқоқ бигиред». Ва гирифта, бар думбал гузоштанд, ва ӯ зинда монд.


Ва шайтон аз пеши Худованд рафт, ва Айюбро аз кафи нояш то фарқи сараш ба махави сахт гирифтор кард.


Ва гуфт: «Агар ту овози Худованд Худои худро бишнавӣ ва он чиро, ки дар назари Ӯ дуруст аст, ба амал оварӣ, ва ба аҳкоми Ӯ гӯш диҳӣ, ва фароизи Ӯро риоя намоӣ, — ҳеҷ яке аз бемориҳоеро, ки бар Миср овардаам, бар ту нахоҳам овард, зеро ки Ман Худованди шифобахши ту ҳастам».


Ва он дар тамоми замини Миср ба ғубор мубаддал гардида, бар одамон ва чорпоён варами думбалдоре дар тамоми замини Миср паҳн хоҳад шуд».


Ва Ишаъё гуфт: «Бигзор кулӯлае аз анҷирқоқ биёранд, ва бар захм бимоланд, ва ӯ шифо хоҳад ёфт».


Ва коҳин варо мебинад, ва инак, он захм сафед шудааст, ва коҳин беморро пок эълон менамояд; вай пок аст.


Ва дар ҷои он обила варами сафедранге, ё доғи равшани сафеди сурхтобе ба вуҷуд омада бошад, — вай бояд онро ба коҳин нишон диҳад.


Коҳин онро мебинад, ва инак, мӯйҳо бар он доғи равшан сафед шудааст, ва намудаш аз пӯст чуқуртар аст, — ин махав аст, ки дар он доғи оташ ба вуҷуд омадааст; ва коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захми махав аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan