Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 12:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва агар овардани барра барояш дастрас набошад, бигзор ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар оварад, ки яке барои қурбонии сӯхтанӣ ва дигаре барои қурбонии гуноҳ аст; ва коҳин барои вай кафорат хоҳад намуд, ва вай пок хоҳад шуд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 12:8
14 Iomraidhean Croise  

Ва агар қурбонии ӯ барои Худованд, яъне қурбонии сӯхтанӣ аз парандагон бошад, бигзор қурбонии худро аз фохтаҳо ё аз чӯҷаҳои кабӯтар тақдим намояд.


Ва ӯ инро ба ҳузури Худованд тақдим карда, барои вай кафорат менамояд, ва вай аз ҷараёни хуни худ пок хоҳад шуд. Ин аст қонуни зане ки писар ё духтар зоида бошад.


Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:


Ва агар вай камбизоат буда, ин чизҳо барояш дастрас набошад, бигзор як барра барои қурбонии ҷурм бигирад, то ҷунбонида шавад ва варо кафорат намояд, ва як ушр орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ордӣ бигирад, ва як лӯҷ равған,


Ва ду фохта, ё ду чӯҷаи кабӯтар, ки барояш дастрас бошад: яке қурбонии гуноҳ ва дигаре қурбонии сӯхтанӣ хоҳад буд.


Ва дар рӯзи ҳаштум ӯ барои худ ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар мегирад, ва ба хузури Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ, онҳоро ба коҳин медиҳад.


Ва коҳин якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ ва дигареро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ тақдим мекунад; ва коҳин ӯро ба ҳузури Худованд аз ҷараёни ӯ кафорат менамояд.


Ва дар рӯзи ҳаштум вай ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар барои худ мегирад, ва онҳоро ба коҳин, назди дари хаймаи ҷомеъ мебиёрад.


Ва тамоми чарбуи онро, мисли чарбуи забҳи саломатӣ, бар қурбонгоҳ месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро ҳамин тавр кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва агар ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии худ барои гуноҳе ки кардааст, ба қадри даҳьяки эфа орди маҳин барои қурбонии гуноҳ биёрад; бигзор равған бар он нарезад, ва лебӯно бар он намонад, зеро ки ин қурбонии гуноҳ аст.


Ва агар баррае барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии ҷурми худ барои гуноҳе ки кардааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтарро ба Худованд тақдим намояд: яке — барои қурбонии гуноҳ, ва дигаре — барои қурбонии сӯхтанӣ.


Ва Исо ба маъбади Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, пеш кард, мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард.


Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan