Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 12:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва чун рӯзҳои покияш барои писар ё духтар пур шавад, вай бояд барраи яксола барои қурбонии сӯхтанӣ ва чӯҷаи кабӯтар ё фохта барои қурбонии гуноҳ назди дари хаймаи ҷомеъ ба коҳин биёрад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 12:6
15 Iomraidhean Croise  

Ва ба ӯ гуфт: «Ғуноҷини сесола, модабузи сесола, қӯчқори сесола, қумрӣ ва кабӯтарбачае барои Ман бигир».


«Ба банӣ‐Исроил бигӯ: агар зан ҳомила шуда, писар зояд, ҳафт рӯз нопок хоҳад буд, мисли рӯзҳои ҳайзаш нопок хоҳад буд.


Ва агар вай духтар зояд, ду ҳафта мисли муддати ҳайзаш нопок хоҳад буд; ва шасту шаш рӯз вай бояд дар хуни покии худ бимонад.


Ва ӯ инро ба ҳузури Худованд тақдим карда, барои вай кафорат менамояд, ва вай аз ҷараёни хуни худ пок хоҳад шуд. Ин аст қонуни зане ки писар ё духтар зоида бошад.


Ва ду фохта, ё ду чӯҷаи кабӯтар, ки барояш дастрас бошад: яке қурбонии гуноҳ ва дигаре қурбонии сӯхтанӣ хоҳад буд.


Ва дар рӯзи ҳаштум ӯ барои худ ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар мегирад, ва ба хузури Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ, онҳоро ба коҳин медиҳад.


Ва дар рӯзи ҳаштум вай ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар барои худ мегирад, ва онҳоро ба коҳин, назди дари хаймаи ҷомеъ мебиёрад.


Ва дар рӯзи ҳаштум бояд ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар назди коҳин, ба дари хаймаи ҷомеъ биёрад.


Ва ҳангоме ки айёми татҳири онҳо мувофиқи шариати Мусо фаро расид, Ӯро ба Ерусалим оварданд, то ки ба Худованд пешниҳод кунанд,


Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;


Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.


Зеро ки мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷ дорем: муқаддас, аз бадӣ дур, беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз афлок болотар баромада,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan