3 Ва дар рӯзи ҳаштум ғилофаки бача хатна карда мешавад.
Бо гов ва гӯсфанди худ низ чунин бикун; бигзор ҳафт рӯз назди модари худ бошад, дар рӯзи ҳаштум онро ба Ман бидеҳ.
Ва сию се рӯз вай бояд дар хуни покии худ бимонад, ба ҳеҷ чизи муқаддас нарасад, ва ба қудс надарояд, то даме ки рӯзҳои покияш пур шавад.
Ва ин аст нопокии ӯ ба сабаби ҷараёни ӯ: хоҳ ҷараёни ӯ аз ҷисми ӯ ҷорӣ бошад, хоҳ ҷараёни ӯ дар ҷисми ӯ баста бошад, — ин нопокии ӯст.
Ва дар рӯзи ҳаштум омаданд, ки кӯдакро хатна кунанд, ва мехостанд ӯро, аз рӯи номи падараш, Закарьё ном монанд.
Вақте ки дар ҳаштрӯзагӣ Ӯро хатна карданд, ба Ӯ Исо ном доданд, чунон ки фаришта Ӯро, пеш аз он ки дар шикам пайдо шавад, номида буд.
Баъзе касон аз Яҳудо омада ва бародаронро таълим дода, мегуфтанд: «Агар мувофиқи оини Мусо махтун нашавед, наҷот ёфта наметавонед».
Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегӯяд, ба аҳли шариат рӯ оварда мегӯяд, то ки ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми олам пеши Худо айбдор гардад,
Ва ман чунин мегӯям: аҳдеро, ки Худо пештар дар бораи Масеҳ муқаррар намудааст, шариат, ки баъд аз чорсаду сӣ соли он пайдо шуд, ботил намекунад, ба тавре ки ваъда аз байн равад.
Ва ман боз ба ҳар каси махтуншаванда шаҳодат медиҳам, ки ӯ бояд тамоми шариатро ба ҷо оварад.
Ва Худованд Худоят дили ту ва дили насли туро махтун хоҳад кард, то ки Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст дошта, зинда бимонӣ.
Ки ман дар рӯзи ҳаштум маҳтун шудам, аз насли Исроил ҳастам, аз сибти Биньёмин, ибронӣ аз иброниён, аз ҷиҳати шариат — фарисӣ,
Ва дар Ӯ шумо махтун шудаед, вале на ба хатнае ки бо дасти одамизод сохта шудааст, балки ба хатнаи Масеҳ, ки ҷисми башариро канор мегузорад,