Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 11:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Аз гӯшти онҳо нахӯред ва ба лошаи онҳо нарасед, — онҳо барои шумо наҷисанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 11:8
22 Iomraidhean Croise  

Дур шавед, дур шавед, аз он ҷо берун оед! Ба чизи нопок нарасед! Аз миёни он берун равед, худро тоза кунед, эй онҳое ки зарфҳои Худовандро мебардоред!


Дар замини Худованд сокин нахоҳанд шуд: Эфроим ба Миср хоҳад баргашт, ва дар Ашшур онҳо хӯроки палид хоҳанд хӯрд.


Ва хукро, зеро ки он сумдор аст ва сумаш қӯшсум аст, валекин хӯрокашро кавша намекунад, — он барои шумо наҷис аст.


Аз ҳар он чи дар об аст, инҳоро метавонед бихӯред: ҳар он чи пар ва пулакча дар об дорад, — хоҳ дар баҳрҳо бошад, хоҳ дар наҳрҳо, — онҳоро метавонед бихӯред.


Ё касе ки ба ҳар чизи наҷис, — хоҳ ба лошаи ҳайвони наҷис, хоҳ ба лошаи чорпои наҷис, хоҳ ба лошаи ҳашароти наҷис — бирасад, ва ин аз ӯ пӯшида бошад, вале ӯ наҷис ва муҷрим гардидааст;


На он чи ба даҳон медарояд, одамро палид мекунад; балки он чи аз даҳон мебарояд, одамро палид мекунад».


Ин чизҳо одамро палид мекунад; лекин бо дасти ношуста хӯрок хӯрдан одамро палид намекунад».


Чизе нест, ки аз берун ба даруни одам даромада, вайро палид карда тавонад; балки чизе ки аз дарунаш баромада бошад, одамро палид мекунад.


Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё шумо низ чунин бефаҳм ҳастед? Оё намедонед, ки ҳар чизе аз берун ба даруни одам дарояд, наметавонад вайро нопок кунад?


Ва чун диданд, ки баъзе шогирдони Ӯ бо дастҳои нопок, яъне ношуста, нон мехӯранд, сарзаниш карданд.


Ба онҳо гуфт: «Шумо ҳуб медонед, ки ба яҳудӣ бо шахси бегона муошират доштан ё наздик шудан мамнӯъ аст, вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё наҷис надонам;


Аз қурбониҳои бутҳо, аз ҳун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез кунед; ҳар гоҳ аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед».


Беҳтар аст, ки ту гӯшт нахӯрӣ, май нанӯшӣ ва коре накунӣ, ки боиси пешпо хӯрдан, ё ба васваса афтодан ва ё суст шудани бародарат мегардида бошад.


Хӯрок моро ба Худо наздик намекунад: зеро ки на аз хӯрдан манфиате мебинем, на аз наҳӯрдан зиёне.


Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед, мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард;


Ва дар аъмоли бесамари зулмот иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед.


Пас, шарики онҳо нашавед.


Пас, бигзор касе шуморо барои хӯрок ва нӯшокӣ, ё дар масъалаи ид, ё навмоҳ, ё шанбе маҳкум накунад:


Ва онҳо, бо чизҳои хӯрданӣ ва нӯшиданӣ ва бо ҳар гуна таҳорат ва маросим, дастурҳои мансуб ба ҷисм буда, фақат то замони ислоҳ муқаррар карда шудаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan