Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 11:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва хукро, зеро ки он сумдор аст ва сумаш қӯшсум аст, валекин хӯрокашро кавша намекунад, — он барои шумо наҷис аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 11:7
11 Iomraidhean Croise  

Дар миёни қабрҳо менишинанд, ва дар мағораҳо шаб мегузаронанд; гӯшти хук мехӯранд, ва хӯриши зиште дар зарфҳои онҳост;


«Онҳое ки аз қафои як нафар, ки дар миёна бошад, ба боғот рафта, худро тақдис ва татҳир мекунанд, ва гӯшти хук ва ҳайвонҳои наҷис ва муш мехӯранд, якҷоя талаф хоҳанд шуд, — мегӯяд Худованд.


Касе ки гове мекушад, мисли одамкуш аст; касе ки баррае забҳ менамояд, мисли касест, ки гардани сагро шикаста бошад; касе ки ҳадияи ордӣ меоварад, мисли касест, ки хуни хукро оварда бошад; касе ки лебӯно месӯзонад, мисли касест, ки пеши буте дуо гуфта бошад; чунон ки онҳо роҳҳои худро ихтиёр кардаанд, ва ҷонашон корҳои зишташонро хостааст,


Ҳар чорпои сумдор, ки қӯшсум бошад, ва хӯрокашро кавша кунад, — онро бихӯред.


Ва харгӯшро, зеро ки он кавшакунанда аст, валекин сумаш қӯшсум нест, — он барои шумо наҷис аст;


Аз гӯшти онҳо нахӯред ва ба лошаи онҳо нарасед, — онҳо барои шумо наҷисанд.


Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон наандозед, то ки онҳоро поймол накунанд ва баргашта, шуморо надаранд.


Ва рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд, ки вай ӯро ба саҳрои худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад;


Ва девҳо аз он мард берун шуда, ба хукҳо даромаданд; ва он гала аз баландӣ якбора ба кӯл ҷаст, ва ғарқ шуд.


Ва хукро, зеро ки он сумдор аст, валекин кавша намекунад, — он барои шумо наҷис аст; аз гӯнти онҳо нахӯред, ва ба лошаи онҳо нарасед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan