Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 11:44 - Китоби Муқаддас 1992 1999

44 Зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ва шумо тақдис ёфта, муқаддас хоҳед буд, чунки Ман қуддус ҳастам; ва нафси худро бо ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, наҷис насозед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 11:44
34 Iomraidhean Croise  

Зеро ки Худованд некӯст, эҳсони Ӯ то абад аст, ва садоқати Ӯ то абадуддаҳр.


«Ман шикоятҳои банӣ‐Исроилро шунидаам; ба онҳо сухан ронда, бигӯ: „Шомгоҳон гӯшт хоҳед хӯрд, ва бомдодон аз нон сер хоҳед шуд; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам“».


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди қавм рафта, онҳоро имрӯз ва фардо тақдис намо, ва бигзор онҳо либосҳошонро шустушӯ кунанд,


Ва шумо барои Ман мамлакати коҳинон ва халқи муқаддас хоҳед буд. Ин аст суханоне ки ту бояд ба банӣ‐Исроил бигӯӣ».


«Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам.


Бо гов ва гӯсфанди худ низ чунин бикун; бигзор ҳафт рӯз назди модари худ бошад, дар рӯзи ҳаштум онро ба Ман бидеҳ.


Ва барои Ман одамони муқаддас хоҳед буд, ва гӯштеро, ки дар саҳро дарида шудааст, нахӯред; онро назди сагон бипартоед.


Ва Худованд Худои худро ибодат намоед, ва ӯ нони ту ва оби туро баракат хоҳад дод; ва Ман бемориҳоро аз миёни ту дур хоҳам кард.


Ва шуморо хоҳам гирифт, то ки барои Ман қавм бошед, ва Ман барои шумо Худо хоҳам буд; ва шумо хоҳед донист, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз зери ситамҳои мисриён берун овардам.


Зеро ки Ман Худованд Худои ту, Қуддуси Исроил, Наҷотдиҳандаи ту ҳастам; Мисрро барои ту фидия додаам, Ҳабаш ва Саборо — дар ивази ту.


Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки баҳрро ба ҷӯшу хурӯш меоварам, то ки мавҷҳояш наъра кашад; Худованди лашкарҳо исми Ман аст.


Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин аст он чи Худованд сухан ронда, гуфтааст: „Ба воситаи наздиконам қудсияти Худро зоҳир хоҳам сохт, ва дар назари тамоми қавм ҷалол хоҳам ёфт“». Ва Ҳорун хомӯш монд.


Нафси худро бо ҳар ҳайвони хазанда қабеҳ насозед, ва худро бо онҳо нопок накунед, мабодо аз онҳо наҷис гардед.


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Ва токзори худро доначинӣ накун, ва шингилҳои афтодаи токҳоятро начин: онҳоро барои бенаво ва ғариб бимон. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


«Ба тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: муқаддас бошед, зеро ки Ман, Худованд Худои шумо, қуддус ҳастам.


Ҳар яке аз модари худ ва аз падари худ тарсон бошед, ва шанбеҳои Маро риоя намоед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Ба бутҳо рӯ наоваред, ва худоҳои рехташуда барои худ насозед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Ва шумо барои Ман муқаддас бошед, зеро ки Ман, Худованд, қуддус ҳастам, ва шуморо аз қавмҳо фарқ кардаам, то ки аз они Ман бошед.


Ва шумо худро тақдис намуда, одамони муқаддас бошед, зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Ва ту ӯро тақдис намо, зеро ки ӯ нони Худои туро тақдим менамояд; бигзор ӯ барои ту муқаддас бошад, зеро Ман, Худованде ки шуморо тақдис менамоям, қуддус ҳастам.


Оё ду кас якҷоя роҳ мераванд, бе он ки маслиҳатро ба як ҷо монда бошанд?


То ки тамоми аҳкоми Маро дар хотир нигоҳ дошта, ба ҷо оваред, ва барои Худои худ муқаддас бошед.


Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст».


Зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ, ва Худованд туро баргузидааст, то аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин мебошанд, қавми гузине барои Ӯ бошӣ.


Зеро ки Худо моро на ба нопокӣ, балки ба кудсият даъват кардааст.


Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Шумо наметавонед Худовандро ибодат намоед, зеро ки Ӯ Худои қуддус аст, ва Ӯ Худои ғаюр аст, ки ба маъсиятҳо ва гуноҳҳои шумо тоқат нахоҳад кард.


Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —


Бигзор золим боз зулм кунад, ва палид боз худро палид созад, ва одил боз адолат варзад, ва муқаддас боз худро тақдис намояд.


Қуддусе мисли Худованд нест, зеро ки дигаре ғайр аз Ту нест; ва сахрае мисли Худои мо нест.


Ва мардуми Байт‐Шемеш гуфтанд: «Кист, ки ба ҳузури Худованд, ба ҳузури ин Худои қуддус, битавонад истад? Ва Ӯ аз пеши мо назди кӣ хоҳад рафт?»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan