3 Ҳар чорпои сумдор, ки қӯшсум бошад, ва хӯрокашро кавша кунад, — онро бихӯред.
Зеро ки ҳикмат дар дили ту дохил хоҳад шуд, ва дониш ба ҷони ту писанд хоҳад омад,
Соддадилиро тарк намоед ва зиндагӣ кунед, ва бо роҳи хирад қадамгузор шавед».
«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯед: инҳоянд ҷонвароне ки шумо метавонед аз ҳамаи чорпоёни рӯи замин бихӯред:
Ҳар чорпое ки сумдор аст, валекин сумаш қӯшсум нест, ва хӯрокашро кавша намекунад, — барои шумо наҷис аст; ҳар кӣ ба онҳо бирасад, наҷис хоҳад шуд.
Аммо инҳоро аз кавшакунандагон ва сумдорон нахӯред: шутурро, зеро ки он кавшакунанда аст, валекин сумаш қӯшсум нест, — он барои шумо наҷис аст;
Ва заргӯшро, зеро ки он кавшакунанда аст, валекин сумаш қӯшсум нест, — он барои шумо наҷис аст;
Ва харгӯшро, зеро ки он кавшакунанда аст, валекин сумаш қӯшсум нест, — он барои шумо наҷис аст;
Ва хукро, зеро ки он сумдор аст ва сумаш қӯшсум аст, валекин хӯрокашро кавша намекунад, — он барои шумо наҷис аст.
Яҳудиёни он ҷо назар ба аҳли Таслӯникӣ равшанфикртар буданд: бо иштиёқи комил каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд, то бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не;
Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед, мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард;
Ва ҳар чорпои сумдор, ки қӯшсум бошад, ва хӯрокашро кавша кунад, — онро бихӯред.
Ва хукро, зеро ки он сумдор аст, валекин кавша намекунад, — он барои шумо наҷис аст; аз гӯнти онҳо нахӯред, ва ба лошаи онҳо нарасед.
Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад.