Ва ман гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Ҷони ман ҳаргиз наҷис нашудааст, ва аз кӯдакии худ то алҳол лоша ва даридашударо нахӯрдаам; ва гӯшти ганда ба даҳонам надаромадааст».
Ҳар хӯрокворие ки барои хӯрок истеъмол мешавад, агар бар он аз чунин зарф об рехта бошад, наҷис хоҳад буд, ва ҳар нӯшокие ки барои нӯшидан истеъмол мешавад, дар чунин зарф наҷис хоҳад буд.
Аз ҳар он чи дар об аст, инҳоро метавонед бихӯред: ҳар он чи пар ва пулакча дар об дорад, — хоҳ дар баҳрҳо бошад, хоҳ дар наҳрҳо, — онҳоро метавонед бихӯред.