Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 10:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва аз дари хаймаи ҷомеъ берун наравед, мабодо бимиред, зеро ки равғани тадҳини Худованд бар шумост». Ва онҳо бар тибқи гуфтори Мусо амал карданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 10:7
12 Iomraidhean Croise  

Ва бо онҳо бародарат Ҳорун ва писаронашро ҳамроҳи ӯ ороста намо, ва онҳоро тадҳин бикун, ва онҳоро баргумор ва тақдис намо, то ки ба Ман каҳонат кунанд.


Ва равғани тадҳинро гирифта, бар сараш бирез, ва ӯро тадҳин намо.


Ва Ҳорун ва писаронашро тадҳин бикун, ва онҳоро тақдис намо, то ки ба Ман каҳонат кунанд.


Ва Худованд ба Ҳорун сухан ронда, гуфт:


Ва аз қудс берун набарояд, ва қудси Худои худро палид накунад, зеро ки афсари равғани тадҳини Худои ӯ бар ӯст. Ман Худованд ҳастам.


Ва аз равғани тадҳин бар сари Ҳорун рехта, ӯро тадҳин намуд, то ки ӯро тақдис кунад.


Ва Мусо аз равғани тадҳин ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ буд, гирифт, ва бар Ҳорун, бар либосҳояш, ва бар писарони ӯ, ва бар либосҳои писарони ӯ бо ӯ пошид; ва Ҳорун ва либосҳояш, ва писарони ӯ ва либосҳои писарони ӯро бо ӯ тақдис кард.


Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд: аммо ту рафта, аз Малакути Худо башорат деҳ».


Исои Носириро Худо бо Рӯҳулқудс ва қуввати Худ тадҳин кард, ва Ӯ ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва ба ҳамаи онҳое ки дар қайди иблис буданд, шифо мебахшид, зеро ки Худо бо Ӯ буд;


Ва Он ки мову шуморо дар Масеҳ устувор мегардонад ва моро тадҳин намудааст, Худост,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan