Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 10:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин аст он чи Худованд сухан ронда, гуфтааст: „Ба воситаи наздиконам қудсияти Худро зоҳир хоҳам сохт, ва дар назари тамоми қавм ҷалол хоҳам ёфт“». Ва Ҳорун хомӯш монд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 10:3
46 Iomraidhean Croise  

Калло ва ҳошо ба Ту, ки коре мисли ин бикунӣ, ки одилро бо шарир бикушӣ, ва одилу шарир баробар бошанд; калло ва ҳошо ба Ту! Оё Довари тамоми замин аз рӯи адл амал нахоҳад кард?»


Вале ӯ ба вай гуфт: «Ту мисли яке аз сифлагон сухан меронӣ; наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?» Дар ҳамаи ин Айюб бо лабҳои худ хатое накард.


Ва Ӯ шохи қавми Худро баланд бардоштааст, то ки ҳамду саное шавад дар шаъни ҳамаи порсоёни Ӯ, дар шаъни банӣ‐Исроил, ки қавми муқарраби Ӯ ҳастанд. Ҳалелуёҳ.


Дар ҷамоати бузург аз адолат башорат додаам; инак, лабҳои худро нахоҳам баст: Худовандо, Ту медонӣ.


Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст.


Мирони қавмҳо назди қавми Худои Иброҳим ҷамъ омадаанд, зеро ки сипарҳои замин аз они Худост; Ӯ бениҳоят баланд аст.


Зеро ки аз ғазаби Ту адо мешавем, ва аз хашми Ту ошуфта мегардем.


Қавми Туро, эй Худованд, поймол месозанд, ва бар мероси Ту зулм мекунанд.


Ва Ман, инак, дили мисриёнро сахт мекунам, то ки аз қафои онҳо бираванд; ва ҷалоли Худро ба воситаи фиръавн ва тамоми лашкараш, ба воситаи аробаҳо ва саворонаш зоҳир хоҳам сохт,


Ва Ман дили фиръавнро сахт хоҳам кард, то ки вай онҳоро таъқиб намояд, ва ҷалоли Худро ба воситаи фиръавн ва тамоми лашкараш зоҳир хоҳам сохт, то мисриён бидонанд, ки Ман Худованд ҳастам». Ва чунин карданд.


Ва низ коҳиноне ки ба Худованд наздик меоянд, бояд худро тақдис намоянд, то ки Худованд онҳоро зарба назанад».


Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Бирав, фурӯд ой, ва баъд баро, ва Ҳорун ҳамроҳи ту бошад; вале коҳинон ва қавм ҳадро вайрон карда нагузаранд, то ки назди Худованд боло бароянд, мабодо Ӯ онҳоро зарба занад».


Ва Ҳорун ва писаронашро тадҳин бикун, ва онҳоро тақдис намо, то ки ба Ман каҳонат кунанд.


Ва Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Каломи Худованд, ки ту ба забон рондӣ, барҳақ аст». Ва гуфт: «Бигзор дар рӯзҳои ман осоиштагӣ ва пояндагӣ бошад!»


Ва ба Ман гуфтааст: «Ту бандаи Ман ҳастӣ, эй Исроил, ки ба василаи Ту Ман ҷалол хоҳам ёфт».


Дур шавед, дур шавед, аз он ҷо берун оед! Ба чизи нопок нарасед! Аз миёни он берун равед, худро тоза кунед, эй онҳое ки зарфҳои Худовандро мебардоред!


Ҳангоме ки шуморо аз миёни кавмҳо берун оварам, ва шуморо аз кишварҳое ки дар онҳо пароканда шудаед, ҷамъ кунам, он гоҳ ба атри гуворои шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, ва ба воситаи шумо пеши назари халқҳо қудсият хоҳам ёфт.


Ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: Инак Ман ба ту, эй Сидӯн, зид ҳастам, ва андаруни ту ҷалол хоҳам ёфт; ва чун бар он доварӣ намуда, ба воситаи он тақдис ёбам, хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Ва бар қавми Ман — Исроил — мисли абре ки заминро мепӯшонад, хоҳӣ баромад; ин дар айёми охирин рӯй хоҳад дод, ва Ман туро ба замини Худ хоҳам овард, то ки халқҳо Маро бидонанд, вақте ки ба воситаи ту, эй Ҷуҷ, Худро дар пеши назари онҳо тақдис намоям.


Ва утоқе ки рӯ ба ҷониби шимол аст, барои коҳинонест, ки ба тартиботи қурбонгоҳ нигаҳбонӣ мекунанд; инҳо писарони Содӯқ, аз банӣ‐Левӣ мебошанд, ки ба Худованд наздик меоянд, то ба Ӯ хизмат кунанд.


Ва ба ман гуфт: «Утоқҳои шимолӣ ва утоқҳои ҷанубӣ, ки пеши ялангӣ мебошанд, утоқҳои муқаддасанд, ва коҳиноне ки ба Худованд наздик меоянд, қурбониҳои муқаддасро дар онҳо мехӯранд; қурбониҳои муқаддасро, яъне ҳадияи ордӣ, қурбонии гуноҳ ва курбонии ҷурмро дар он ҷо мегузоранд, зеро ки ин макон муқаддас аст.


Ва набояд насли худро дар қавми худ палид созад, зеро Ман Худованде ҳастам, ки ӯро тақдис менамоям».


«Ба Ҳорун сухан ронда, бигӯ: ҳеҷ кас аз зурьёти ту дар наслҳои онҳо, ки маъюбие дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки нони Худои худро тақдим намояд,


Хар касе ки аз насли Ҳоруни коҳин маъюбӣ дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки қурбониҳои оташини Худовандро тақдим намояд; азбаски вай маъюб аст, набояд барои тақдим кардани нони Худои худ наздик ояд.


Онҳо бояд барои Худои худ муқаддас бошанд, ва исми Худои худро беҳурмат накунанд, зеро ки онҳо қурбониҳои оташини Худовандро, яъне нони Худои худро тақдим менамоянд, ва бояд муқаддас бошанд.


Ва ту ӯро тақдис намо, зеро ки ӯ нони Худои туро тақдим менамояд; бигзор ӯ барои ту муқаддас бошад, зеро Ман, Худованде ки шуморо тақдис менамоям, қуддус ҳастам.


Бигзор онҳо фармудаи Маро риоя намоянд, то ки барои он гуноҳкор шуда ҷазо наёбанд, ва онро поймол карда, аз боиси он намиранд. Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям.


Ва назди дари хаймаи ҷомеъ рӯзона ва шабона ҳафт рӯз бимонед, ва навбатдории Худовандро риоя намоед, то ки намиред, зеро ки чунин ба ман амр фармуда шудааст».


Ва ба Қӯраҳ ва ҳамаи шариконаш сухан ронда, гуфт: «Бомдодон Худованд нишон хоҳад дод, ки кадом кас аз они Ӯст, ва кадом кас муқаддас аст, ва он касро Ӯ ба Худаш наздик хоҳад кард; ва ҳар киро Ӯ интихоб намояд, варо ба Худаш наздик хоҳад кард.


Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун гуфт: «Азбаски шумо ба Ман имон наовардед, то ки қудсияти Маро пеши назари банӣ‐Исроил нишон диҳед, бинобар ин, ин ҷамоатро ба замине ки ба онҳо ваъда кардаам, нахоҳед овард».


Хар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест;


Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ». Дарҳол садое аз осмон даррасид: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол ҳоҳам дод».


Ва ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар Писар ҷалол ёбад;


Аз боиси он ки шумо андаруни банӣ‐Исроил, назди обҳои Мерибо, дар биёбони Син ба ман имон наовардед; аз боиси он ки шумо Маро андаруни банӣ‐Исроил тақдис накардед.


Дар он рӯзе ки Ӯ омада, дар муқаддасони Худ ҷалол ёбад ва ҳамаи имондоронро ба тааҷҷуб оварад, чунки шумо ба шаҳодати мо имон овардед.


Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?


Бинобар ин Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: „Ман гуфта будам, ки хонадони ту ва хонадони падарат ба ҳузури Ман то абад роҳ хоҳанд рафт. Вале алҳол, мегӯяд Худованд, ҳошо ки Ман инро раво бинам, зеро ки Ман эҳтиромкунандагони Худро эҳтиром хоҳам кард, валекин залилкунандагони Ман расво хоҳанд шуд.


Ва Самуил ҳамаи суханонро ба ӯ баён намуд, ва аз ӯ пинҳон надошт. Ва ӯ гуфт: «Ӯ Худованд аст, ва он чи дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».


Ва мардуми Байт‐Шемеш гуфтанд: «Кист, ки ба ҳузури Худованд, ба ҳузури ин Худои қуддус, битавонад истад? Ва Ӯ аз пеши мо назди кӣ хоҳад рафт?»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan