Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба мирипанҷоҳ гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташ аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.
Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба онҳо гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташи Худо аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.
Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Оташи Худо аз осмон афтода, бузу гӯсфандон ва навкаронро сӯзонд, ва онҳоро нобуд кард; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
Ва оташе аз ҳузури Худованд берун омада, қурбонии сӯхтанӣ ва чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонид, ва тамоми қавм инро дида, ба ваҷд омаданд, ва бар рӯи худ афтоданд.