Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 10:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва Мусо нарбузи қурбонии гуноҳро талабид, ва инак, он сӯзонида шуда буд; ва ӯ ба Элъозор ва Итомор, писарони Ҳорун, ки зинда монда буданд, хашм намуда, гуфт:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 10:16
12 Iomraidhean Croise  

Ибни Абишуа, ибни Финҳос, ибни Элъозор, ибни Ҳоруни саркоҳин —


Он набояд бо хамиртуруш пухта шавад; онро аз ҳадияҳои оташини Худ ҳамчун ҳиссаи онҳо додаам. Он мисли қурбонии гуноҳ ва қурбонии ҷурм қудси қудсҳо мебошад.


Коҳине ки қурбонии гуноҳро ба амал меоварад, метавонад онро бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас, дар саҳни хаймаи ҷомеъ хӯрда шавад.


Вале ҳар қурбонии гуноҳ, ки хунаш ба хаймаи ҷомеъ дароварда мешавад, то ки дар қудс кафорат намояд, набояд хӯрда шавад; он бояд дар оташ сӯзонида шавад.


Ва қурбонии қавмро наздик овард, ва нарбузи гуноҳро, ки барои қавм буд, гирифт, ва онро забҳ карда, монанди қурбонии пешина, барои гуноҳ тақдим намуд.


Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: „Нарбузе барои қурбонии гуноҳ, ва гӯсола ва барраи яксолае ки беайб бошанд, барои қурбонии сӯхтанӣ бигиред,


Ва Мусо марди бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст.


Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба бародари худ беҳуда хашм гирад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд; ҳар кӣ бародари худро „реқо“ гӯяд, лоиқи ҳукми шӯрои пирон хоҳад буд; ва ҳар кӣ „аҳмақ“ гӯяд, лоиқи оташи дӯзах хоҳад шуд.


Чун Исо дид, дарғазаб шуда, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад.


Ва ба онҳо бо ғазаб назар афканда ва аз сахтдилиашон маҳзун гашта, ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Чун дароз кард, дасташ шифо ёфт.


Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan