Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 10:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Соқи пешкаш ва синаи ҷунбониданиро онҳо бояд бо қурбонии оташини чарбу биёранд, то ки ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ҷунбонида шавад; ва ин барои ту ва барои писаронат бо ту фаризаи абадӣ хоҳад буд, чунон ки Худованд амр фармудааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 10:15
12 Iomraidhean Croise  

Зеро тамоми заминеро, ки мебинӣ, ба ту ва ба насли ту то абад медиҳам.


Ҳар хоназоди ту ва ҳар зархариди ту ҳатман хатна карда шавад, то ки аҳди Ман дар ҷисми шумо аҳди ҷовидонӣ бошад.


Ва Иброҳим бар рӯи худ афтода, хандид ва дар дили худ гуфт: «Наход ки аз марди садсола бача шавад, ва Соро дар навадсолагӣ бизояд?»


Ва замини мусофирати туро, тамоми замини Канъонро ба ту, ва баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам; ва Худои онҳо хоҳам буд».


Ва синаи ҷунбонидашуда ва соқи баланд бардошташударо, ки аз қӯчқори гумоштании Ҳорун ва писаронаш ҷунбонида ва баланд бардошта шуд, тақдис намо.


Ва ин барои Ҳорун ва писаронаш фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ‐Исроил хоҳад буд, зеро ки ин ҳадия аст, ва ҳадия аз ҷониби банӣ‐Исроил аз қурбониҳои саломатии онҳо, яъне ҳадияи онҳо барои Худованд хоҳад буд.


Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.


Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».


Зеро ки Ман синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро аз банӣ‐Исроил, аз забҳҳои саломатии онҳо гирифтам, ва онҳоро ба Хоруни коҳин ва писаронаш ба фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ‐Исроил додам».


Ва ҳар ҳадия аз ҳамаи вақфҳои банӣ‐Исроил, ки назди коҳин меоваранд, аз они ӯ хоҳад буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan