Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 10:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Ва синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро ту ва писаронат ва духтаронат бо ту дар макони пок бихӯред, зеро ки инҳо аз забҳҳои саломатии банӣ‐Исроил барои ҳиссаи ту ва ҳиссаи фарзандони ту дода шудааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 10:14
10 Iomraidhean Croise  

Ва онро бояд онҳое бихӯранд, ки ба воситаи он кафорат ёфтаанд, то ки баргумошта ва тақдис карда шаванд; вале бегонае набояд бихӯрад, зеро ки ин муқаддас аст.


Ва ба ман гуфт: «Утоқҳои шимолӣ ва утоқҳои ҷанубӣ, ки пеши ялангӣ мебошанд, утоқҳои муқаддасанд, ва коҳиноне ки ба Худованд наздик меоянд, қурбониҳои муқаддасро дар онҳо мехӯранд; қурбониҳои муқаддасро, яъне ҳадияи ордӣ, қурбонии гуноҳ ва курбонии ҷурмро дар он ҷо мегузоранд, зеро ки ин макон муқаддас аст.


Ва онро дар макони муқаддас бихӯред, чунки он аз қурбонии оташини Худованд ҳиссаи ту ва ҳиссаи писарони туст, зеро ки чунин ба ман амр фармуда шудааст.


Валекин духтари коҳин, агар бева шавад ё талоқ гирад, ва бача надошта бошад, ва ба хонаи падараш баргардад, чунон ки дар айёми бачагияш буд, — вай метавонад аз нони падараш бихӯрад; аммо ҳеҷ каси бегона набояд аз он бихӯрад.


Ва Ҳорун синаҳо ва соқи ростро, ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ, ба хузури Худованд ҷунбонид, чунон ки Мусо амр фармуда буд.


Ва ин ҳам барои ту ҳиссаи бахшиши онҳо аз ҳамаи инъомҳои ҷунбонидании банӣ‐Исроил хоҳад буд: онро Ман ба ту, ва ба писаронат ва духтаронат бо ту, ба фаризаи доимӣ бахшидам; ҳар касе ки дар хонаи ту пок бошад, метавонад аз он бихӯрад.


Ва ҳар ҳадия аз ҳамаи вақфҳои банӣ‐Исроил, ки назди коҳин меоваранд, аз они ӯ хоҳад буд.


Исо ба онҳо гуфт: «Ғизои Ман он аст, ки иродаи Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan