Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 10:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Ва онро дар макони муқаддас бихӯред, чунки он аз қурбонии оташини Худованд ҳиссаи ту ва ҳиссаи писарони туст, зеро ки чунин ба ман амр фармуда шудааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 10:13
7 Iomraidhean Croise  

Ва ба ман гуфт: «Утоқҳои шимолӣ ва утоқҳои ҷанубӣ, ки пеши ялангӣ мебошанд, утоқҳои муқаддасанд, ва коҳиноне ки ба Худованд наздик меоянд, қурбониҳои муқаддасро дар онҳо мехӯранд; қурбониҳои муқаддасро, яъне ҳадияи ордӣ, қурбонии гуноҳ ва курбонии ҷурмро дар он ҷо мегузоранд, зеро ки ин макон муқаддас аст.


Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш Элъозор ва Итомор, ки зинда монда буданд, гуфт: «Ҳадияи ордиеро, ки аз қурбонии оташини Худованд боқӣ мондааст, бигиред, ва онро бе хамиртуруш назди қурбонгоҳ бихӯред, зеро ки ин қудси қудсҳост.


Ва синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро ту ва писаронат ва духтаронат бо ту дар макони пок бихӯред, зеро ки инҳо аз забҳҳои саломатии банӣ‐Исроил барои ҳиссаи ту ва ҳиссаи фарзандони ту дода шудааст.


Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.


Он чи аз он боқӣ мемонад, бигзор Ҳорун ва писаронаш бихӯранд; он бояд бе хамиртуруш дар макони муқаддас хӯрда шавад; дар саҳни хаймаи ҷомеъ бигзор онро бихӯранд.


Онро дар макони муқаддас бихӯред; ҳар мардина метавонад аз он бихӯрад. Он барои ту муқаддас аст.


Ва вақфҳои ҳар кас аз они худаш хоҳад буд: он чи касе ба коҳин медиҳад, аз они ӯ хоҳад буд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan