Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 10:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш Элъозор ва Итомор, ки зинда монда буданд, гуфт: «Ҳадияи ордиеро, ки аз қурбонии оташини Худованд боқӣ мондааст, бигиред, ва онро бе хамиртуруш назди қурбонгоҳ бихӯред, зеро ки ин қудси қудсҳост.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 10:12
14 Iomraidhean Croise  

Ва Қӯре ибни Йимнои левизода, ки дарбони дарвозаи шарқӣ буд, бар хайроти Худо муваккал шуд, то ки ионатҳои Худованд ва вақфҳои муқаддасро тақсим кунанд.


Ибни Абишуа, ибни Финҳос, ибни Элъозор, ибни Ҳоруни саркоҳин —


Ва нони фатир, ва қурсҳои фатири бо равған омехташуда, ва нончаҳои тунуки ба равған молидашуда; онҳоро аз орди нарми гандум бипаз.


Ва онро бояд онҳое бихӯранд, ки ба воситаи он кафорат ёфтаанд, то ки баргумошта ва тақдис карда шаванд; вале бегонае набояд бихӯрад, зеро ки ин муқаддас аст.


Ва Ҳорун Элишобаъ бинти Аминодоб, хоҳари Наҳшӯнро барои худ ба занӣ гирифт; ва вай барои ӯ Нодоб, ва Абиҳу, ва Элъозор, ва Итоморро зоид.


Ҳадияи ордӣ ва қурбониҳои гуноҳ ва ҷурмро онҳо хоҳанд хӯрд; ва тамоми вақф дар Исроил аз они онҳо хоҳад буд.


Ва онро дар макони муқаддас бихӯред, чунки он аз қурбонии оташини Худованд ҳиссаи ту ва ҳиссаи писарони туст, зеро ки чунин ба ман амр фармуда шудааст.


Нони Худои худро вай аз он чи қудси қудсҳост, ва аз он чи ҳадияҳои муқаддас аст, метавонад бихӯрад.


Ва он аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд, ва онҳо бояд онро дар макони муқаддас бихӯранд, зеро ки ин аз қурбониҳои оташини Худованд барояшон қудси қудсҳост; ин фаризаи абадист».


Ва ҳар ҳадияи ордӣ, ки дар танӯр пухта шудааст, ва ҳар он чи дар дег ва бар тоба тайёр карда шудааст, аз они коҳине ки онро тақдим менамояд, хоҳад буд.


Ва ин аст номҳои писарони Ҳорун: нахустзодааш Нодоб, Абиҳу, Элъозор ва Итомор.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan