Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 10:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва тамоми фароизеро, ки Худованд ба шумо ба воситаи Мусо амр фармудааст, ба банӣ‐Исроил таълим диҳед».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 10:11
16 Iomraidhean Croise  

Ва айёми зиёде исроилиён бе Худои ҳақ, ва бе коҳини омӯзгор, ва бе шариат буданд,


Ва онҳо дар Яҳудо таълим медоданд, ва китоби Тавроти Худованд бо онҳо буд; ва дар ҳамаи шаҳрҳои Худованд гардиш карда, қавмро таълим медоданд.


Ва Ҳизқиё ба ҳамаи левизодагоне ки аз хизмати Худованд фаҳми некӯ доштанд, суханони дилҷӯй гуфт; ва ҳафт рӯз хӯроки идона хӯрданд, қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд, ва Худованд Худои падарони худро ҳамду сано гуфтанд.


Ва Эзрои коҳин Тавротро дар рӯзи якуми моҳи ҳафтум ба ҳузури ҷамоати иборат аз мардон ва занон ва ҳамаи онҳое ки метавонистанд бишнаванд ва бифаҳманд, овард.


Ва китоби Тавроти Худоро батафсил хонданд ва шарҳ доданд, то он чиро, ки хонданд, бифаҳманд.


Ва онҳо гуфтанд: «Биёед, бар зидди Ирмиё тадбирҳо биандешем, зеро ки шариат аз коҳин, ва машварат аз хирадманд, ва калом аз набӣ маҳв нахоҳад шуд; пас биёед, ӯро бо забон зарба занем, ва ба суханони ӯ гӯш наандозем».


Коҳинон нагуфтанд: „Худованд куҷост?“ Ва шариатдонон Маро нашинохтанд, ва чӯпонон ба Ман осӣ шуданд; ва анбиё ба исми Баал нубувват карданд, ва аз қафои чизҳое рафтанд, ки фоида намебахшад.


Зеро ки лабҳои коҳин донишро маҳфуз медорад, ва шариатро аз даҳони ӯ металабанд, зеро ки ӯ элчии Худованди лашкарҳост.


Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.


Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам.


Ва ту бар тибқи ҳукме ки онҳо аз он макони баргузидаи Худованд ба ту баён мекунанд, амал намо, ва ҳар он чиро, ки ба ту таълим диҳанд, боэҳтиёт ба ҷо овар.


Бар тибқи қонуне ки онҳо ба ту таълим диҳанд, ва бар тибқи фатвое ки онҳо ба ту баён кунанд, амал намо; аз сухане ки онҳо ба ту бигӯянд, ба тарафи рост ё чап майл накун.


Дар хусуси захми махав эҳтиёт намоед, то ҳар он чиро, ки коҳинони левизода ба шумо таълим медиҳанд, бағоят риоя намуда, ба ҷо оваред; он чиро, ки ман ба онҳо амр фармудаам, риоя намуда, ба ҷо оваред.


Дастуроти Туро ба Яъқуб таълим медиҳанд, ва шариати Туро ба Исроил; дар ҳузури Ту бухур мегузоранд, ва қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳи ту.


Зеро медонед, ки чӣ гуна аҳкоме аз ҷониби Исои Худованд ба шумо додаем.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan